Сокинони Тоҷикистон наметавонанд гирифти пурраи навбатии Офтобро, ки имрӯз сурат мегирад, мушоҳида кунанд
ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 декабр, соати 14:13 ба вақти маҳаллӣ гирифти (кусуфи) пурраи офтоб сурат хоҳад гирифт, аммо сокинони Тоҷикистон ин рӯйдоди астрономиро наметавонанд мушоҳида кунанд. Сабаби ин на шароити обу ҳаво — абрнокӣ ва тумани шадид, балки мавқеи ҷуғрофӣ мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи вай, сокинони Чилӣ ва Аргентина метавонанд ҳалқаи оташин ё «тоҷи хуршедиро» дар атрофи Моҳ бубинанд, ки қурси Офтобро пурра мепӯшонад ва қисман дар Амрикои Ҷанубӣ, Полинезия, Антарктида ва Африка ин рӯйдод мушоҳида хоҳад шуд. Давомнокии гирифти имрӯзаи Офтоб 2 дақиқаю 10 сония хоҳад буд.
Тавре ки Гулчеҳра Қоҳирова иброз дошт, бори охир чунин гирифти Офтоб соли 2002 рух дода буд.
Вай иттилоъ дод, ки гирифти Офтоб падидаи маъмули астрономӣ буда, танҳо бо ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб дар фазои кайҳонӣ бастагӣ дорад. Гирифти Офтоб на ба саломатии инсон ва на ба ҳаёти рӯзмарраи ӯ зарар намерасонад. Мушоҳидаҳои дарозмуддат нишон доданд, ки ҳангоми гирифти Офтоб ва пас аз он ягон омили барои инсон зараровар сабт нашудааст. Бинобар ин, дар ҷараёни чунин падидаи астрономӣ, албатта, одамон метавонанд тарзи ҳаёти маъмулии худро идома диҳанд ва ба ҳар гуна пешгӯиҳои зиддиилмӣ бовар накунанд.
Бояд зикр кард, ки гирифти Офтоб рӯйдоди астрономӣ мебошад — яъне вақте ки Моҳ Офтобро пурра ё қисман мепӯшонад (мегирад). Гирифти Офтоб танҳо ҳангоми ҳилоли моҳ (нав будани моҳ) имконпазир аст, ин ҳамон марҳилаи моҳ аст, ки тарафи ба Замин нигаронидашудаи Моҳ равшан нест ва худи Моҳ аз рӯи Замин мушоҳида намешавад. Илова бар ин зарур аст, ки тулӯи моҳи нав дар наздикии яке аз ду нуқтаи буриши мадорҳои намоёни Моҳ ва Офтоб рух бидиҳад. Бинобар ҳамин шароит, рӯйдоди гирифти Офтоб зуд-зуд ба амал намеояд. Дар тӯли сол дар Замин аз 2 то 5 рӯйдоди гирифти Офтоб метавонад рух бидиҳад.








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






