Соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи дорусозӣ ва дорушиносӣ таъсис дода мешавад

Декабрь 31, 2020 14:14

ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/ Моҳи январи соли 2021 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи дорусозӣ ва дорушиносӣ таъсис дода мешавад. Доир ба таъсиси чунин пажӯҳишгоҳ  имконияти молиявӣ ва  кадрӣ мавҷуд аст. Аввалан омӯзиши гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва баъдан истеҳсоли маводи доруворӣ аз  ин гиёҳҳои дармонбахши   ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод. Ба зикри номбурда, дар мавриди омӯзиши гиёҳҳои шифобахш албатта мушкилот вуҷуд дорад. Дар ин самт гурӯҳӣ корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 5 ҳазор гуногунии биологӣ мавҷуд аст, вале аз ин шумора тақрибан хосиятҳои фармакологии 132 гиёҳ омӯхта шудааст ва боқимонда ба омӯзиш эҳтиёҷ дорад. Новобаста аз ин мо атласи гиёҳҳои шифобахшро омода кардем, ки дар бораи 132 гиёҳ ва хосиятҳои шифобахшии онҳо, дар кадом қисмати Тоҷикистон рӯидан ва кай ҷамъоварӣ шудани онҳо маълумот дода шудааст, ки он дар ибтидои соли 2021 ба дасти мутахассисон расонида мешавад.

Декабрь 31, 2020 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид