Таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи даҳуми Шӯро доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ки дар ҷаласа муовини раиси Шӯро-Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро- вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти прокуратура, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, намояндагони шарикони рушд, омор, бахши хусусӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Сараввал дар ҷаласа котиби масъули Шӯро оид ба рафти иҷрои Протоколи № 8 ва 9 Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, сардори раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Комилҷон Ҳақназарзода шунида шуд. Сипас, оид ба рафти санҷишҳои гузаронидаи мақомоти санҷишӣ ва татбиқи қонунгузории мараторий ба санҷишҳо дар 9 моҳи соли 2020 муовини раиси Шӯро-Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода гузориш дод.
Дар рафти ҷаласа тибқи қарорҳои дахлдори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, номгӯи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишӣ ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо барои соли 2021, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда шуда буд, мувофиқа ва тасдиқ карда шуд.
Инчунин дар раванди ҷаласа тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҳисоботи роҳбарони мақомоти санҷишӣ оид ба фаъолияти анҷомдода дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, қарорҳои дахлдори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ қабул карда шуд.
Ҳамарӯза шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ тағйир меёбанд, корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд мегарданд, барҳам мехӯранд ё ин ки шакли ташкилию ҳуқуқиашонро тағйир медиҳанд. Ин раванд зарурати таҷдиди назар намудани Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро мунтазам тақозо менамояд. Бинобар ин дар ҷаласа тибқи пешниҳоди Агентии омор нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие ки оид ба истеҳсолот ҳисоботи оморӣ месупоранд, ҷиҳати бархурдор намудани онҳо аз қонунгузории мараторий ба санҷишҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»









Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






