ТАСС: Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки рӯйхати ягонаи созмонҳои террористии мамнӯъ дар ИДМ таҳия карда шавад
ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористие, ки дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ мамнӯъ мебошанд, таҳия карда шавад, иттилоъ медиҳад ТАСС.
«Дар доираи ИДМ таҳияи рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ мамнӯъро муҳим мешуморам», — иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон 18 декабр дар саммити Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки тавассути видеоконфронс баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба Маркази зиддитеррористии ИДМ супориш дода шавад якҷоя бо шӯроҳои тахассусӣ оид ба тартиб додани чунин рӯйхат корро шурӯъ кунанд.
«Миқёси терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят тамоюли рӯ ба афзоиш дорад», — зикр намуданд Президент. Президенти Тоҷикистон таъкид карданд, ки масъалаи амният ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар Иттиҳод муҳим боқӣ мемонад.
Сарвари давлати Тоҷикистон кишварҳои ИДМ-ро, ки дар доираи даҳҳо созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкорӣ мекунанд ва ба масъалаҳои амният муносибати якхела доранд, «иттифоқчиёни ҳақиқӣ дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои глобалӣ» номиданд. Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон воқеияти имрӯз ҳамоҳангии боз ҳам зичтари амалҳои мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои Иттиҳодро барои пешгирӣ ва саркӯб кардани таҳдидҳои амниятӣ тақозо мекунад. «Дар ин замина, қарорҳое, ки мо дар соҳаи ҳамкории ҳарбӣ ва таҳкими амнияти сарҳад дар марзҳои хориҷӣ қабул мекунем, саривақтӣ мебошанд», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






