ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. «Карон-калсит» — и Дарвоз корро дар се баст ба роҳ монда, ҳаҷми маҳсулотро ба 100 ҳазор тонна мерасонад

Январь 7, 2021 15:34

ХОРУҒ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз таъсиси корхонаи истеҳсолии «Карон- калсит» дар ноҳияи Дарвоз ҳамагӣ се моҳ мегузарад, аммо аз рӯзҳои аввали фаъолият собит намуд, ки ояндаи наздик метавонад  дар радифи корхонаҳои пешқадам ва муваффақ ҷой бигирад. Корхона тасмим гирифтааст, ки аз аввали моҳи феврал корро дар се баст ба роҳ андохта,  ҳаҷми маҳсулотро ба 100 ҳазор тонна дар як сол  ва шумораи коргаронро то ба 120 нафар расонад. Яке аз дигар ҳадафҳои муҳими ин корхона- ин ба роҳ андохтани содироти маҳсулот ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.   Зеро мавзеи Вишхарви ин ноҳия аз ҷиҳати захираи санги мармар, ки аз он хока истеҳсол мекунанд, хеле бой аст ва ин имкон фароҳам меорад, ки корхонаи «Карон-калсит» ҳам талаботи муштариёни дохилӣ ва ҳам беруниро қонеъ созад.

Маҳсулоти асосии корхона калсит ва микрокалсит аст, ки  ҳоло  талабот ба ин масолеҳи сохтмонӣ чӣ дар  дохили мамлакат ва чӣ берун аз он зиёд аст.

Муовини аввали директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Карон-калсит» Шуҳрат Расулов гуфт, ки “маҳсулоти корхонаи моро  дар соҳаҳои гуногуни саноату сохтмон ҳам бевосита ва ҳам бо илова кардани он ба маҳсулоти дигари сохтмонӣ истифода мебаранд. Дар минтақаҳои сард бинокорон ин маҳсулотро ба бетон илова мекунанд, то зуд хушку  қавӣ гардад ва солҳои зиёд сифаташро гум накунад. Баръакси ҳол 40 фоизи об дар таркиби бетон боқӣ мемонад ва ба коҳиши муҳлати истифодаи он оварда мерасонад”.

Дар айни ҳол корхона дар ду баст кор мекунад ва дар як шабонарӯз зиёда аз 15 тонна маҳсулот истеҳсол шуда, мутобиқи шартнома ба ширкатҳои сохтмонии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд  фиристода мешавад.

Ҳамчунин бо истифода аз микрокалсит дару тиреза, қубурҳои қутрашон гуногун, рангу бор ва ороиши хона, чархҳои воситаҳои гуногуни нақлиёт низ истеҳсол мекунанд. Дар соҳаи тиб низ аз ин маҳсулот фаровон истифода мебаранд

Бояд зикр кард, ки моҳи августи соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи «Карон-калсит» ба масъулини он дастур доданд, ки давоми як соли оянда боз ду коргоҳи истеҳсолию саноатӣ бо фарогирии 200 ҷои корӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Январь 7, 2021 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад