Агентии обуҳавошиносӣ: Шабонарӯзи наздик дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 5.1.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи наздик дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад. 8-9 январ бо сабаби софшавии ҳаво шабона дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ то 10-15 дараҷа хунукӣ ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 25-30 ва дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 6 то 9 январ дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Танҳо 9 январ ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17, рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст ва дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. 9 январ ҳарорат баланд шуда, то 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорат тағйир ёфта, аз 10-15 то 16-21 ва рӯзона аз 0-5 то 5-10 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, эҳтимоли бориши сусти марҳилавӣ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона тағйир ёфта, аз 12-17 то 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунук мешавад. Дар мавзеи Булункӯл то 48-50 дараҷа сардӣ дар назар аст. Рӯзона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, аз 12-17 то 17-22 дараҷа сард мешавад.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






