Ҷамолиддин Абдуллозода: Соли 2020 табибони Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва табобати COVID-19 аз имтиҳони бузург гузаштанд
ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 барои кормандони соҳаи тандурустии мамлакат соли пурмасъулият ва имтиҳони донишу маҳорат ба шумор меравад. Зеро дар соли сипаригашта бо назардошти пайдоиши бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 масъулияти табибон дар ҷомеа бамаротиб бештар гардида, дар чунин давраи душвор онҳо тавонистанд бо истифода аз донишу маҳорати касбӣ дар пешгирӣ ва табобати ин беморӣ саҳми арзанда гузоранд. Ин нуктаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни ҷамъбасти фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар соли 2020, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» доир гардид, иброз намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки соли 2020 табибони Тоҷикистон аз як имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 гузаштанд.
Дар ин давра ҷиҳати вусъат бахшидани чорабиниҳои пешгирикунандаю табобатӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 бо ташаббус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои алоқаманди мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.
Дар ҳамин замина, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат 20 май ва 18 августи соли 2020 барои табибону олимони соҳаи тибби ҷумҳурӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон дастурамал ва роҳнамо гардиданд.








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






