Азизбек Зумратов ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020» дониста шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муаллими фанни химияи Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020» дониста шуд. Ҷойи дуюмро омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Ҷалолова, ҷойи сеюмро омӯзгори фанни географияи Мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода ва омӯзгори забони англисии литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ Сайлӣ Наврӯзбекова ба даст оварда, бо туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд. Инчунин омӯзгори забони русии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав Тоҳирҷон Холиқов барои иштироки фаъолона дар озмун бо Ифтихорномаи Вазорати маориф қадрдонӣ гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, давоми 3 рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд.
Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омода аст омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва меҳнати онҳоро қадрдонӣ намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ намуда, дар дарсҳо маҳорату малакаи хешро нишон диҳанд.
Мавсуф зикр кард, ки вобаста ба истифодаи роҳу усулҳои муосири таълим дар рӯзнома ва маҷаллаҳои соҳавӣ мақолаҳо ба табъ расонанд ва ба ин васила, дар беҳтар гардонидани сифати таҳсил, баланд бардоштани дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ саҳми босазо гузоранд.
Раиси ҳайати ҳакамони озмун Манзура Мадатзода изҳор дошт, ки тибқи талаботи низомнома, доварон маҳорату малака ва донишу ҷаҳонбинии ҳар довталабро таҳлил намуда, баҳо гузоштанд. Дар баробари ин, иҷрои талаботи ҳар шарт миёни иштирокдорон муҳокима гардида, андешаи онҳо низ аз тарафи ҳайати ҳакамон ба инобат гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилотии ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» доир гардида, як нафар омӯзгори беҳтарини сол интихоб мегардад.








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






