Барои муассисаҳои илмию олии Тоҷикистон аз Россия 100 номгӯй таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ворид гардид

Январь 8, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 8.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ»-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бештар аз 100 номгӯй таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ворид гардид. Ин маҳсулот аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон дастрас гардида, дорои сифат ва серфитикат буда, барои корҳои озмоишӣ, тадқиқотӣ ва таълимӣ равона шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти АМИТ иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз ворид намудани таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ба муассисаҳои илмӣ ва олӣ — ин баланд бардоштани сатҳи донишҳои техникӣ, таъмини рушди соҳаҳои илму маориф тавассути техникаю маводи кимёвӣ мебошад.  Зеро дар мамлакат солҳои 2020 — 2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  эълон гардидааст ва таъмини муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти техникӣ ва маводи кимиёвӣ ба   рушди ин илмҳо замина мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи Дониш (17.08.2020) зикр доштанд, ки «мушкилоти дигари муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври кофӣ таъмин набудани онҳо бо маводи таълимии озмоишӣ, реактивҳои химиявӣ ва асбобу таҷҳизот барои фанҳои химия, физика ва биология мебошад, ки ин ҳолат низ боиси паст шудани сатҳу сифати таҳсилот гардидааст.  Доир ба ҳалли ин масъала ман дар мулоқоти қаблӣ бо аҳли маориф ба масъулони соҳа ва сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода будам ва имрӯз ба Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаи илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо ва маводи кимиёвии назди Академияи миллии илмҳо бори дигар таъкид месозам, ки то оғози соли 2021 ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти зикршуда тадбирҳои қатъӣ андешад».

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионӣ»-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан ба ҳамаи муассисаҳои илмӣ ва таълимии дахлдор пешниҳоди таҷҳизоти техникӣ, асбоб ва маводу реагентҳои озмоишгоҳиро кафолат дода, барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди илму маорифи мамлакат нақш мегузорад.

Корхона тасмим гирифтааст, ки дар ҷодаи мазкур мақоми аввалинро соҳиб бошад.

Январь 8, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат