Беҳтарин чеҳраҳои ҳунари Бадахшон дар соли 2020 муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории шаҳри Хоруғ ба хотири муаррифии беҳтарин устои асбоби мусиқии халқӣ ва бофандаи соли 2020 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин бора аз мақомоти ичрояи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Де Помир» Ёралӣ Бердов зимни натиҷагирӣ аз озмун зикр кард, ки «ташкилоти онҳо аз соли 2004 инҷониб дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии аҳли санъату фарҳанг ва рушди истеъдодҳои наврас фаъолият намуда, барои муайян кардани чеҳраҳои нави ҳунар ҳамасола озмунҳо баргузор менамояд».
Соли гузашта новобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва мушкилии вазъ маркази мазкур фаъолият намуд. Маҳсули дасти ҳунармандони ин марказ дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Федератсияи Россия-Томск, Санкт-Петербург ва Москва ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифтанд.
Муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода иброз дошт, ки «соли 2020 бинобар паҳншавии бемории коронавирус соли мушкилтарин буд, вале новобаста ба ин раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳунармандонро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намуда, барои зинда ва эҳё намудани ҳунарҳои халқии Бадахшон онҳоро қадрдонӣ намуд. Имрӯз аз байни 10 нафар устоҳои беҳтарини асбоби мусиқӣ ва 10 бофандаи беҳтарини ноҳияҳои вилоят онҳое ба ҷамъомад даъват шудаанд, ки ғолиби озмун мебошанд».
-Барои дарёфти истеъдодҳои нав чунин озмунҳо минбаъд ҳам ташкил карда мешаванд,- иброз дошт муовини раиси вилоят.
Дар фарҷоми ҷамъомад аз тарафи муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода ба 4 нафар бофандаи беҳтарини вилоят-Гулзор Маҷнунова, Гулбону Кабирова, Соҳибгул Муминшоева, Суханоро Алибахшова ва 3 нафар устои беҳтарини асбоби мусиқии халқии Бадахшон- Озод Ошурмамадов, Суҳайлӣ Дилшодов ва Саидҳасан Саидҳасанов ифтихорнома ва мукофотпулӣ супорида шуд.








РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид






