Беҳтарин китобхонҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ҳавасманд гардонида шуданд

Январь 11, 2021 11:35

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандон озмуни «Беҳтарин китобхони соли 2020» эълон карда, аз рӯи натиҷаҳои баргузории он аз байни кормандон-довталабони  озмун 9 нафар корманди Раёсатро, ки ҳар кадоме воқеан зиёда аз панҷ китоби бадеии адабиёти классикӣ ва муосири форсу тоҷик, инчунин хориҷиро бо забонҳои тоҷикиву русӣ мутолиа ва мазмуну моҳияти онҳоро хуб дарк сохтаанд, ҳамчун беҳтаринҳо интихоб ва қадрдонӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши бевоситаи роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ миёни кормандони марказҳо, шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, инчунин Дастаи махсуси зудамали Раёсат зери унвони «Беҳтарин китобхони соли 2020» озмун баргузор  карда буд.

Озмуни мазкур дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил гардид.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти аҳолӣ ташкил медиҳад. Бо ин мақсад, тӯли ду сол мешавад, ки зери сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст. Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур- ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла намояндагони касбу кори гуногун ва табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.

Январь 11, 2021 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд