COVID-19. Доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ андешаи олимони хориҷиро дар мавриди фоидаи гиёҳдармонӣ бар зидди коронавирус дастгирӣ мекунад

Январь 7, 2021 15:13

ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Олимони якчанд кишвар ба таҳқиқи доруҳои дар асоси растаниҳо таҳияшуда, ки метавонанд бар коронавируси COVID-19 ғолиб шаванд, машғуланд. Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба ToDay News Ufa хабар медиҳад, олимони Эрон, Италия, Босния ва Ҳерзеговина муайян кардаанд, ки ҷавҳари пӯсти анор зидди вирусҳо самаранок аст. Моддаҳое, ки дар таркиби он мавҷуданд, ҳуҷайраҳоро аз воридшавии вируси зуком муҳофизат ва инчунин интиқоли РНК-и онро масдуд мекунанд.

Олимон муайян кардаанд, ки дар ин кор полифенолҳо, ки растаниҳоро аз намудҳои гуногуни вирусҳо, бактерияҳо ва занбурӯғҳо муҳофизат мекунанд, нақши ҳалкунанда доранд.

Пайвастагиҳои ҷавҳари пӯсти анор дорои қобилияти пахш намудани фаъолии ферментҳои коронавирус, ки масъули зинда мондани онанд, мебошанд. Олимон мехоҳанд дар асоси онҳо барои табобати коронавируси COVID-19 доруҳо таҳия кунанд.

Ҳангоми сироят ёфтан маводе, ки дар ҷавҳари коҷи баргрези сибирӣ мавҷуд аст, ба ҷараёни эҳтимолан душвори беморӣ муқовимат мекунанд.

Олимон инчунин мехоҳанд меваҳои ситрусӣ, зардчӯба, черника ва чойи сабзро таҳқиқ кунанд.

Фикри олимони хориҷиро дар бораи манфиатҳои гиёҳдармонӣ дар мубориза бо коронавирус зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» табиби тоҷик — фитотерапевт, роҳбари Ассотсиатсияи фитотерапевтҳо, номзади илмҳои тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ тасдиқ кард. «Дар ҳақиқат, дар пӯсти анор дар қатори витаминҳо ва минералҳои анъанавӣ, танинҳо, полифенолҳо, равғанҳои эфирӣ ва пектинҳо мавҷуд мебошанд. Пӯсти анор ба туфайли таркиби гуногуни биологии худ барои таҳкими масуният, табобат ва пешгирии бемориҳои гуногуни вирусӣ муфид аст ”, — гуфт ӯ ва илова кард, ки истифодаи пӯсти анор ҳамчун дору танҳо дар ҳолатҳое иҷозат аст, ки дорухат, миқдор ва ҷараёни табобат бо духтур мувофиқа шуда бошад.

Тавре АМИТ “Ховар” пештар хабар дода буд, доктор Тоҳирӣ инчунин тавсия медиҳад, ки одамони солим 500 мл оби гармро ҳангоми холӣ будани меъда бинӯшанд. Ҳар рӯз пеш аз хӯрок ва як соат пас аз хӯрок 200 мл оби тозаи нӯшокӣ бинӯшед. «Об беҳтарин дору аст», — таъкид мекунад ӯ.

Ғайр аз ин, истеъмоли як қошуқ асал 2 маротиба дар як рӯз пеш аз хӯрок дар муддати 1 моҳ, инчунин меваҳо, сабзавот ва гиёҳҳо муфид аст. Ҳамаи ин маҳсулот дар бозорҳои мо мавҷуданд. Варзиши ҳаррӯзаи ҷисмонӣ низ муфид аст.

Муллозуҳур Тоҳирӣ дар ҷумлаи чораҳои зарурӣ маслиҳат медиҳад, ки бояд даҳон пеш аз хоб аз 3 то 5 дақиқа бо маҳлули об, намак, сода ва равған шуста шавад. Ғайр аз ин, ҳар рӯз 1-2 маротиба пояҳо ва баргҳои хушкидаи ҳазориспандро бисӯзонед ва дуд андозед.

АКСИ: Pixabay.com

Январь 7, 2021 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид