COVID-19. Шираи пӯсти анор қобилияти зиддивирусӣ дорад

Январь 8, 2021 16:03

ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Олимони Эрон, Италия, Босния ва Гертсеговина  муайян кардаанд, ки фитотерапия, яъне муолиҷа бо растаниҳои давоӣ барои муолиҷаи бемории коронавируси намуди КОВИД-19 кумак мерасонад.

Тибқи таҳлилҳои ин олимон, махсусан шираи пӯсти анор бар зидди ин вирус хеле натиҷабахш мебошад. Моддаҳое, ки дар таркиби пӯсти анор мавҷуданд, ҳуҷайраҳои бадани инсонро метавонанд аз дохилшавии вируси зуком муҳофизат намоянд.

Вобаста ба қобилияти зиддивирусии шираи пӯсти анор табиби гиёҳдармонӣ, доктори илми тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ иброз медорад, ки таъсири шираи пӯсти анор бар зидди вирусҳо хеле самаранок мебошад. Пӯсти анор дар баробари хусусияти зиддивирусӣ доштан, инчунин дарунравӣ ва хунравиро боздошта, ба чандин бемориҳои дигар даво мебахшад. Истеъмоли анор барои баланд бардоштани иммунитет манфиатовар мебошад.

“Вале бояд гуфт, ки дар ҳолати гирифторӣ ба  бемории  COVID-19  хун ғафс мешавад, ки дар ин вақт истеъмоли шарбати пӯсти анор мумкин нест. Зеро шарбати пӯсти анор  хунро ғафс мекунад”,-мегӯяд табиби гиёҳдармонӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ.

Бояд гуфт, ки шарбати анор ва чойи сабз низ таъсири хеле баланди  зиддивирусӣ ва зиддиилтиҳобӣ доранд — онҳо метавонанд то 80 фоизи коронавирусро нобуд кунанд. Ин шарбат ва чой муҳити туршро ба вуҷуд меоранд ва дорои полифенолҳои растанӣ мебошанд, ки дар онҳо вирус наметавонад зинда монад.

Ба зикри Муллозуҳур Тоҳирӣ,  бӯйи райҳон ва пудина низ метавонанд вирусро нест кунад.

Январь 8, 2021 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»