Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» семинари амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. 15 январ дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе охирин рӯзи семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Барномаи таълимии модулӣ дар асоси стандартҳои салоҳият: истифодаи он дар омӯзиши касбии низоми ТИКТО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он аз рӯйи барномаи таълимӣ барои ду касб: кафшергари барқӣ ва қаннодӣ корҳои амалӣ гузаронида шуданд.
Семинари мазкур аз 11 январ дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда, дар он омӯзгорони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Тибқи барномаи омӯзишӣ, ба иштирокчиён давоми чор рӯз ҳадаф, вазифа ва сохтори барномаҳои таълимии модулӣ дар асоси стандарти салоҳияти касбӣ, тарзи истифодаи барномаҳои таълимии модулӣ, баҳодиҳӣ дар методикаи таълим дар асоси салоҳият, восита ва усулҳои баҳодиҳӣ омӯзонда шуданд.
Дар назар аст, ки аз 18 то 22 январ омӯзишҳо бо гурӯҳи дуввуми омӯзгорони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе гузаронда шаванд. Дар умум 50 омӯзгори Коллеҷ ба давраи омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд.
Бояд зикр кард, ки барномаҳои таълимӣ барои 17 касби коргарӣ дар асоси стандартҳои салоҳияти касбӣ омода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи яке аз нишондиҳандаҳои асосии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» стандартҳои салоҳияти 17 касби коргарӣ таҳия гашта, пурра аз экспертизаи корфармоён ва вазорату кумитаҳои соҳавӣ гузаронида шудаанд. 17 стандарти салоҳият ба забони давлатӣ тарҷума шуда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябр тасдиқ гардиданд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






