Дар Гулистон дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» ва шафати роҳҳо 1000 бех ниҳоли олуча шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2021. /АМИТ “Ховар”/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳашари сабзазоркунию ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Зимни ҳашар 1000 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи навъи олуча дар масофаи зиёда аз 1 километр қад-қади роҳҳо ва дар лаби соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» шинонида шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар ҷараёни ҳашари мазкур кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, минтақаҳои назди ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», шафати роҳи назди боғ ва ҳудуди боғи Ғалаба, осоишгоҳ ва кӯчаҳои маркази шаҳрро аз партовҳои пластикӣ ва дигар намуди партовҳо тоза намуданд.
Давоми мавсими сабзазоркунию ободонӣ шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ, гулҳои мавсимӣ дар боғи Ғалаба ва дигар минтақаҳои шаҳр пешбинӣ гардидааст.
Дар ҳашари мазкур 400 нафар намояндагони корхонаҳо ва 200 нафар омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ширкат варзиданд.








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






