Дар мусобиқаи World Masters дар Қатар 3 варзишгари маъруфи тоҷик ширкат меварзанд

Январь 6, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 06.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 январи соли равон  дар шаҳри Давҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон (World Masters) баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 3 нафар варзишгарони маъруф  — Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни-73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) муаррифӣ мекунанд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар раддабандии ҷаҳонии дзюдо Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 14-ум, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 17-уми вазни -73 кг мавқеъ доранд. Темур Раҳимов  дар вазни +100кг дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст.

Дар мусобиқаи мазкур  дар асоси даъватномаи Федератсияи байналмилалии дзюдо, тибқи раддабандии ҷаҳонӣ 36 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ иштирок мекунанд.
Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа иштироки 396 варзишгар (214 мард, 182 зан) аз 70 давлати дунё дар назар аст.

Шаҳри Давҳаи Қатар бори аввал мизбони мусобиқаи «World Masters» мегардад. Соли 2023 баргузории  Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар ин шаҳр пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳар се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио талош мекунанд.

Январь 6, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд