Дар шаҳраки Шӯроби Исфара хатти оби тозаи нӯшокӣ кашида шуд

Январь 25, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки ангиштканон – Шӯроби шаҳри Исфара корҳои сохтмонии хатти оби тозаи нӯшокӣ дар масофаи 11,2 км ва  бунёди 2 ҳавзи обнигаҳдории ғунҷоишашон 2000 метри мукааб ба анҷом расонида шуд.  

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корҳои сохтмонию васлкуниро мутахассисони ҶДММ «Наврӯз – 2003» ба зимма дошта, дар асоси лоиҳа об аз дарёи Исфара, аз деҳаи Чорқишлоқ ба дарозии 11,2 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол дода мешавад. Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насбу васл карда шудаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳ бо муовини якуми Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Саидзода зимни боздид аз шаҳраки Шӯроб бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншооти ҳаётан муҳим аз наздик шинос шуда, ба масъулин вобаста ба навсозӣ ва азнавбарқароркунии хатҳои обгузари 56 бинои баландошёна ва 608 ҳавлии дар ҳудуди шаҳрак мавҷуда, яъне то ба манзили сокинон расонидани оби тоза ва иҷрои дигар корҳои ободонӣ дастурҳои мушаххас доданд.

8 январи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва 13 январи соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади мусоидат ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинони шаҳраки Шӯроб ба ин мавзеъ сафарҳои корӣ анҷом дода буданд. Роҳбарияти шаҳри Исфара айни замон ҳолати кунунии иншооти хусусишудаи шаҳракро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ҳамзамон барои тармим ва навсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ҶСШК «Ангишт» якҷо бо идораю сохторҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ чораҷӯӣ дорад.

Масъалаи норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак то ҷашни байналмилалии Наврӯз пурра ҳалли мусбати худро меёбад.

Январь 25, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид