Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода 170 бех дарахт шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаришуда аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода 170 бех дарахт шинонида шуд. Қаблан дар шафати ин шоҳроҳ, дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯдакӣ 26 бех, Шаҳринав- 405 бех ва шаҳрҳои Душанбе- 410 бех, Турсунзода- 35 бех дарахтони сояфкану ороишӣ шинонида шуданд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва роҳбарону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи сабзазоркунӣ баргузор мегардад, ки ба беҳтар шудани ҳолати беҳдоштӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва зебопарастии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода яке аз роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ маҳсуб ёфта, тавассути он ҳамлу нақли бор аз давлатҳои ҳамсоя сурат мегирад. Аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, ки дар шафати ин шоҳроҳ корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо ташкил карда шаванд.
Нигоҳубини ниҳолу дарахтони шинонидашуда ба зиммаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти маҳаллӣ гузошта шуда, масъулияти баланди онҳоро тақозо менамояд.
Дар маъракаи навбатӣ дар ин мавзеъ шинонидани 120 бех дарахтони дигар дар назар дошта шудааст.









БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






