Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» оғоз гардида, он то 9 январ идома меёбад. 9 январ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастӣ ва мукофотонидани ғолибони озмун доир мегардад.
Дар озмуни имсола 5 нафар мураббияи муассисаи томактабии №6-и ноҳияи Данғара Гулнора Оймадова, мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода, мураббияи муассисаи томактабии №7-и шаҳри Ҳисор Шаҳноза Раҳимова, мураббияи муассисаи томактабии №3-и ноҳияи Рӯшон Наргис Шарипова ва мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева иштирок доранд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тибқи Низомномаи озмун, довталабон дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 6 номинатсия: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбӣ, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, машғулияти таълимию тасвир ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Зимни ифтитоҳи озмуни мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода иброз намуд, ки «ҳамасола гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ва «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ба рушди касбияти беҳтарин мутахассисони соҳа мусоидат менамояд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру таъкидҳои Пешвои миллат таҳсилоти томактабиро яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф меҳисобад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст».
Бояд гуфт, ки дар мамлакат ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани дониши касбӣ, сайқал додани маҳорат ва таҷрибаи педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» дар сатҳи баланд доир карда мешавад.
Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» қаблан дар се давр- дохилимуассисавӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) ва вилоятӣ, минтақавӣ (шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) доир гардид ва инак ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 678 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 97 164 кӯдак расидааст, ки дар муқоиса бо соли таҳсили 2019-2020 16 муассиса зиёд мебошад.








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






