Донишманди тоҷиктабор Абдуқодир Тошқулов Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон таъин шуд

Январь 14, 2021 18:07

ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз, 14 январ Абдуқодир Тошқулов, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз ва узви Сенати ин кишварро Вазири нави таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус таъин намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Агентии миллии иттилоотии «УзА».

Бино ба иттилои манбаъ, Инъомҷон Маҷидов, ки қаблан Вазорати таҳсироти олӣ ва миёнаи махсусро роҳбарӣ мекард, ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон таъин шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Абдуқодир Тошқулов миллаташ тоҷик мебошад. Ӯ 29 августи соли 1976 дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1998 факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Тирмизро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси устоди кафедраи молия ва низоми андози ин донишгоҳ оғоз намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, узви Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон мебошад.

Тошқулов дар охири соли 2016 дар арафаи интихобот шахси боэътимоди номзад ба мансаби президентӣ Шавкат Мирзиёев дар вилояти Сурхондарё буд. Моҳи сентябри 2017 ӯ ректори Донишгоҳи давлатии Термиз ва пас аз як сол узви Сенат шуд.

Абдуқодир Тошқулов дар интихоботи парлумонӣ ва президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутаносибан 1 март ва 11 октябри соли 2020 баргузор шуданд, ба ҳайси нозир аз Ӯзбекистон ҳузур дошт.

АКСҲО аз «УзА» ва «Спутник»

Январь 14, 2021 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад