ХАБАРИ ХУШ! Парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии сирояти нави COVID-19 парвозҳои мунтазам миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардиданд. Дар ин бора директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки «тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҶДММ «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд».
Тибқи қарори мазкур, ҳар ҳафта — рӯзҳои чоршанбе аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон — «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ва рӯзҳои ҷумъа парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон — ҶДММ «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд. Мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз нуқтаҳои асосии фурӯш харидорӣ намоянд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зикр намуд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талаботи мавҷуда, кулли мусофирон бояд талаботи санитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд. Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироятшавӣ аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз парвоз гирифтаанд, дошта бошанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






