Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо Паём муроҷиат мекунанд

Январь 26, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ, ки дар «Кохи Сомон» баргузор хоҳад шуд, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ,  Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, намояндагони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷавонон ва дигарон иштирок хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи Давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш хоҳад шуд.

Январь 26, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»