Маҷлиси намояндагон: Сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ беҳтар мегардад
ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ)», ки 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ин матлабро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло зимни баррасии «Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ)» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён намуд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳадафи амалисозии лоиҳа- ин мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 10 ноҳияҳои таҷрибавии қаблӣ ва 6 ноҳияи таҷрибавии нав интихобгашта мебошад.
Маблағи иловагии пешниҳодгардида барои лоиҳаи мазкур 7,3 млн ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки 10,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҳисоби гранти Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад.
Машраб Файзулло ҳамчунин афзуд, ки лоиҳаи мазкур аз се қисмат иборат буда, қисмати якуми он «Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият» ба ҳисоб меравад. Дар доираи қисмати мазкур татбиқи таҷрибавии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МНФ) дар зинаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳ ноҳияи вилоятҳои Хатлон (Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён) ва Суғд (Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ) ва ноҳияи Файзобод ва васеъкунии минбаъдаи татбиқи МНФ дар 6 ноҳияҳои нави таҷрибавии ҷумҳурӣ (Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Зафарободи вилояти Суғд ва Дарвози ВМКБ) дастгирӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, татбиқи механизми МНФ дар 16 ноҳияи таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири шашмоҳаи якуми соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Барои амалисозии ҷорабиниҳои дар қисмати зерин ба нақшагирифташуда аз ҳисоби маблағгузории Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 4 370 000 доллари ИМА пешбинӣ карда шудааст.
Қисмати дуюми лоиҳа- ин пурзӯркунии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад. Қисмати зерин дорои ду зерқисмат мебошад. Қисмати мазкур ба баланд бардоштани иқтидор ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ки аз ҷониби таъмингарони шабакаи КАТС пешниҳод мешаванд, тавассути омӯзондани /бозомӯзонидани тибби оилавӣ, эмкунӣ, ҳифзи солимии модару кӯдак (СМК) ба кормандони муассисаҳои таҷрибавӣ равона карда шудааст. Инчунин дар доираи ин қисмат, аз ҳисоби маблағгузории дуюми иловагӣ дастгирии омӯзиши дусолаи мутахассисони соҳаи тибби оилавӣ (ординатураи клиникӣ) ба нақша гирифта шудааст. Маблағи умумии пешбинишуда ба қисмати мазкур 3 680 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Қисмати сеюм «Идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳа» мебошад. Маблағи пешбинишуда дар қисмати мазкур 1 950 000 доллари ИМА ташкил медиҳад. Дар доираи қисмати мазкур хароҷоте маблағгузорӣ карда мешаванд, ки бо татбиқи лоиҳа ва идоракунии он дар сатҳи марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ алоқаманд мебошанд.








Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»






