Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 18.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ бо иштироки намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор баргузор гардид, ки он то 20 январ идома меёбад.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд, курси омӯзишии мазкур бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ бо ин низом дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.
Моҳи январ дар ду сатҳ ва моҳи феврал дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ доир ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ ва ғайра омода намудааст. Инчунин ба таблиғгарон маводи ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва модули омӯзишии низоми ИМД дастрас намуд.
Сатҳи дуюми курси шиносоӣ аз 27 то 29 январи соли равон ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2021 аз 1 феврал то 5 марти соли равон вохӯриҳои кормандони доимӣ ва муваққатии марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модари довталабон пешбинӣ шудааст.








РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид






