«Мо модарон, ба аёдати сарбозони Ватан меравем!».Таҳти ин унвон дар Бохтар вохӯрӣ доир гардид

Январь 7, 2021 14:26

ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ гурӯҳи корӣ, ки ба он ноиби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмад, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ва намояндагони дигар ниҳодҳои марбута шомил гардида буданд,  дар  қисми ҳарбии Раёсати Қушунҳои сарҳадии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар  бо сарбозон ва волидайни онҳо вохӯрӣ намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  вохӯрии мазкур  дар асоси нақша — чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар зери шиори «Мо модарон, ба аёдати сарбозони Ватан меравем!» роҳандозӣ гардидааст.

Дар  вохӯрӣ таъкид гардид, ки  тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири автомашинаҳо ва забонҳои хориҷиро низ меомӯзад, то ин ки баъди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи фардои зиндагии худро пайдо карда тавонад.

Гурӯҳи мазкур бо  шароити зист ва хизмати сарбозон дар ин қисми ҳарбӣ  шинос шуда,  волидон   афсарону сарбозон  барои  фарзандони некноми худ, ки имрӯз хизмати Модар-Ватанро бо сарбаландӣ адо менамоянд, дастурхон ороста, дастовезҳои овардаи худро болои он гузошта, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир намуданд.

Волидон на танҳо аз дидори писарони ҷасури худ ифтихору шодмонӣ  доштанд, инчунин аз ободии Ватан ва ваҳдату ҳамдилии сарбозон, ки  аз гӯшаҳои гуногуни  мамлакат  ба хизмати Модар-Ватан омада, қарзи фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд, изҳори қаноатмандӣ  мекарданд.

Сарбозону афсарон низ аз чунин дидорбинӣ изҳори хушҳолӣ менамуданд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади шиносоии волидон аз шароити буду бош ва хизмати сарбозон дар қисмҳои ҳарбии мамлакат  утоқҳои махсуси дидорбинӣ ва вохӯрии сарбозон муҳайё карда шудааст.Волидону наздикон ва оилаҳои сарбозон метавонанд дар лаҳзаҳои барояшон мувофиқ ба дидорбинии онҳо  ба қисмҳои ҳарбӣ биоянд.

Январь 7, 2021 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид