ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад

Январь 4, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 4.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри  бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабри бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона ҳаво 1-6 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоятҳаво  шабона 27-32, дар баъзе ноҳияҳо то 34-39 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорати ҳаво 13-18 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабри бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона  аз 1 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8  дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз  2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо то 4-6 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  3-5 дараҷа хунук  ва рӯзона   5+7 дараҷа гарм мешавад.

Январь 4, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад