Ғолибони озмуни «Беҳтарин китобхони соли 2020» дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 02.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар озмуни «Беҳтарин китобхони соли 2020»-и Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро нозири калон оид ба кор бо кадрҳои ШХД “Муҳофиза”-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, капитани милитсия Гулистон Мадализода, ҷойи дуюмро нозири калони ШНТ ХДМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Ҳалим Амирзода, ҷои сеюмро милитсионери ротаи милитсияи ШХДМ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сержанти милитсия Сафаргул Шарипова соҳиб шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД ҶТ хабар медиҳад.
Озмуни мазкур дар се марҳила сурат гирифта, марҳилаи аввали он дар шуъбаҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, марҳилаи дуюм дар шуъбаҳои Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилоятҳо ва даври ниҳоии он 31 декабри соли 2020 дар дастгоҳи марказии Хадамот ҷамъбаст гардид.
Сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ҶТ Анварҷон Ализода ғолибон ва иштирокчиёни озмуни мазкурро табрик намуда, изҳор дошт, ки тоҷикон аз қадим фарҳангдӯсту тамадунофар буда, дар арсаи ҷаҳонӣ бо шеър ва маҳорати баланди суханварӣ мавқеи хосро соҳиб гардидаанд. Ҳамин аст, ки ин анъанаи нек дар тӯли қарнҳо ҳифз гардида, дар даврони Истиқлол то ба сатҳи чорабиниҳои давлатӣ бароварда шуд.








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






