Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар кишварамон бемории сироятии КОВИД-19 аз байн рафтааст»
ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози моҳи январ дар Тоҷикистон бемории сироятии КОВИД-19 аз байн рафтааст. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд.
Ин дар ҳолест, ки 31 декабри соли 2020 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон сироятёбӣ аз COVID-19 метавонад соли оянда, яъне соли 2021 коҳиш ёфта, аллакай аввали тобистон аз байн бурда шавад.
Ёдовар мешавем, ки агентии иттилоотии Россия «Sputnik» чанде пеш иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бар зидди коронавируси нав пешсаф аст.
Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд рӯзи охир иттилоъ медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Айни замон дар тамоми гузаргоҳҳои кишвар, ки шаҳрвандон аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодаанд. Дар навбати худ шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамаҷониба аз ташхиси зарурӣ гузаронида ва бо карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.
Ҳамзамон имрӯз зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон Сарвари давлат дар мавриди рӯзҳои охир ба қайд нагирифтани ин бемории ҳамагир иброз доштанд, ки “вале ин маънои онро надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиён бепарвоӣ зоҳир намоем. Балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдоштӣ, шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем”.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, то 25 январ дар кишвар ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Шумораи умумии гирифторшавӣ ба бемории коронавирус 13 ҳазору 308 нафарро ташкил дода, аз ин шумора то 25 январ 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






