РӮ ОВАРДАН БА ҶАВОНОН – РӮ ОВАРДАН БА ОЯНДА. Андешаҳои коршиноси МТС дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 29, 2021 16:38

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати муттаҳид намудани ҷавонон дар пешрафти кишвар, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва дар корҳои созандагию ободкорӣ фаъолона ширкат кардани ҷавонон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор санадҳои муҳими ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки зина ба зина иҷро кардани онҳо метавонад ҷавононро ба қувваи пуриқтидори ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон табдил диҳад. Ин нуктаро  Фарзона ХУДОЙДОДОВА, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намудааст. Дар зимн матни пурраи андешаҳои ҳамсуҳбатро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

— Дар татбиқи сиёсати давлатӣ ҷавонон ба сифати неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навин эътироф шудаанд. Ин аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим диққати махсус медиҳанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ давра ба давра дар баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, ҷиҳати амалӣ гардонидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Чунончи, Пешвои муаззами миллат 30 октябри соли 2020 дар маросими савгандёдкунӣ таъкид намуданд: «Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имконияти заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд».

Бояд таъкид кард, ки ҷиҳати муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию ободкорӣ фаъолона ширкат кардани ҷавонон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор санадҳои муҳими ҳуқуқӣ қабул шудаанд,  аз ҷумла:

-“Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021”;

-“Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018–2022”;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”;

-“Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

-“Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дар натиҷаи қабули санадҳои мазкур дар ҷумҳурӣ то имрӯз чандин чорабиниҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну фестивалҳо ва инчунин ҷамъомадҳои дорои хусусияти иттилоотию маърифатӣ баргузор гардиданд, ки ҳар яки онҳо ҷиҳати ширкати фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ нақши муҳим гузоштанд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми бахшҳои ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, ҷиҳати амалигардии онҳо шароит фароҳам меоварад. Ин аст, ки бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии ҷумҳурӣ соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд. Иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи боз ҳам васеи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон мусоидат намуд ва фазои фаъолияти онҳоро дар сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тақвият бахшид.

Ҳамасола дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дастгирии ҷавонон ҳамеша дар мадди назар қарор дорад. Сарвари давлат ҷавононро ба фаъолияти пешбарандаи созанда даъват ва ҳидоят менамоянд. Аз ҷумла, дар Паёми имсола Пешвои миллат зикр намуданд, ки “ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.”

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати кишвар дар татбиқи сиёсат барои дастгирии ҷавонон, ҳамзамон дар ҷумҳурӣ ба рушди варзиш ва солимии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ махсус зоҳир менамояд. Зеро варзиш ҳамчун зеботарин шуғли инсон таърихи куҳан дошта, воситаи асосии беҳдошти саломатӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад ва ҳамзамон  ҷиҳати таҳкими дӯстии одамон ва баландбардории шинохти байналмилалии давлат нақши муҳим мебозад. Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи мазкур таҳия ва ба тасвиб расонида шуд. Барои мисол, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон”, “Дар бораи тайёрии варзишӣ”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Консепсияи миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ва “Низомнома доир ба аккредитатсияи давлатии федератсияҳои варзишӣ” ва ғайра.

Аз назари Ф. Худойдодова, рушди вазъи инфрасохтори соҳаи варзиш ба ҷавонон имкон дод, ки имрӯз бештари онҳо ба машқу тамрин ҷалб шуда, аз миёни онҳо қаҳрамонҳои сатҳи ҷаҳонӣ кашф шуда истодаанд. Ин аст, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ, ҷаҳонӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои Олимпӣ, Бозиҳои Осиёӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд. Ба шарофати ғолибияти онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон мунтазам партавфишон шуда, дар баробари он Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад.

Дар ин масир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки “мо ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додем, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд. Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем”.

Бо таъкид ба асли мақсад ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо давлати ҷавон, балки кишварест, ки аксарияти аҳолияшро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин қувваи созанда ва умед ба ояндаи нек аст.  Қарор доштан дар осотонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми сокинони кишвар ва махсусан ҷавононро вазифадор мекунад, ки бо иқдому ташаббус ва дастовардҳои нав ба нави соҳавӣ ҳамқадами замон будани худро нишон диҳанд. Хушбахтона, ин неруи азими созанда аз пуштибонии роҳбарияти давлату ҳукумат пурра бархурдор мебошад. Акнун, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди бунёдсоз ба сӯйи қуллаҳои баланд заминаи мустаҳкам пайдо намуд, Пешвои миллат бо дили пур аз умеду орзуҳо мегӯянд: “Тоҷикистон, ба пеш!”.

Январь 29, 2021 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе озмоишгоҳҳои таълимӣ таъсис дода шуданд
Дар Москва дар мавзуи «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» ҳамоиш баргузор гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Қазоқистон ба имзо расид
Ёддошти ҳамкорӣ байни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Маҷмааи ҷавонони Қазоқистон ба имзо расид
Ба кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ роҳҳои муқовимат ба коррупсия фаҳмонида шуд
Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо вазъи беморхонаҳои минтақаи Рашт шинос шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон огоҳ менамояд
Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе вазъи пардохти кумакпулиҳои яквақтаина ба оилаҳои камбизоат баррасӣ гардид
Занони Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар самтҳои гуногун тақвият медиҳанд
«ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО…». Форуми дӯстии ҷавонони шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ баргузор гардид