Шералӣ Кабир дар Исфара бо фаъолияти корхонаҳои саноатии «Субҳи Ватан» ва «Шираи гандум» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир бо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ аз ҷамъиятҳои саҳомии «Корхонаи кимиёвӣ», «Тамохуш», Комбинати консервабарорӣ, «Субҳи Ватан»ва «Шираи гандум» дидан намуд.
Тавре аз маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, зимни суҳбат бо саноатчиён Шералӣ Кабир таъкид намуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди соҳа, пеш аз ҳама, роҳандозии тадбирҳое, чун ташкили минтақаи озоди саноатӣ-инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорони потенсиалӣ ва воридсозии технологияи пешқадам, ташаккули системаи пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва иқлими созгори сармоягузорӣ зарур аст. Зеро чунин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки масъалаҳои иҷтимоии Исфара, махсусан таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти инфрасохтор ҳал карда шаванд.
Ҳамзамон Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ба масъулини соҳа доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бобати истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои муосир ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба талаботи бозор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Исфара яке аз шаҳрҳои саноатии дорои имконияти васеи захираи ашёи хом буда, дорои 49 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ мебошад. Дар сурати истифодаву корбурди пурраву самарабахши иқтидорҳои бузурги истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва дигар захираву имконияти моддии мавҷуда соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр рушду инкишоф ёфта, дар пешрафту тараққиёт ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръат саҳми назаррас мегузоранд.
Соҳаи саноати Исфара яке аз ҷузъҳои таркибии саноати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар он иқтидори калони истеҳсолӣ, аз ҷумла барои истихроҷи ангиштсангу нафт, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кимиёю металлургияи ранга, маводи хӯрока ва консерваҳои мевагию сабзавотӣ мавҷуд мебошанд. Саноатчиёни Исфара бо меҳнати босамар ва амалҳои некбинонаи худ баҳри бунёди ҷомеаи навин ва накӯаҳволии халқ якдилона саъю кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз имконоти мавҷуда бо иҷрои барномаҳои умумидавлатӣ ва соҳавӣ ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи хеш то ҷойе комёб гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр диққати роҳбарону мутахассисони соҳа ва соҳибкоронро ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, истеҳсоли маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти содиротшаванда ва таъсиси корхонаҳои нав бо дарназардошти ҷорӣ кардани технологияҳои замонавӣ равона кардааст.








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






