ШОҲУҚОБ — ПАРАНДАИ СОЛИ 2021. Он аз замонҳои қадим рамзи нерумандӣ ва пойдории давлат маҳсуб мешудааст

Январь 14, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳуқоб (бургут) парандаи соли 2021 эълон гардид. Чорабиниҳои экологӣ — тавзеҳотӣ ва иқдоми ҳифзи табиат, ки тамоми сол баргузор хоҳанд шуд, ба ин паранда бахшида мешаванд.

Ин қарорро экологҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз он ки ин паранда дар озмун аксари овозҳоро соҳиб шуд, қабул намуданд. Ба марҳилаи ниҳоии овоздиҳӣ се паранда — шоҳуқоб (бургут), дурроҷи сиёҳ ва қумрӣ роҳ ёфтанд. Ва аксарияти овозҳоро шоҳуқоб (бургут) соҳиб шуд. Аллакай нақшаи чорабиниҳо дар доираи Соли шоҳуқоб (бургут) дар ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Шоҳуқоб яке аз парандаҳои машҳури даррандаи оилаи шоҳин, бузургтарин уқоб аст. Дар нимкураи шимолӣ, ки он ҷо асосан дар кӯҳҳо зиндагӣ мекунад, то андозае дар манзараҳои ҳамвор ва нимкушода паҳн шудааст ва аз минтақаҳои истиқоматӣ канорагирӣ мекунад.

Тавре ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), раиси шуъбаи илмҳои биология ва тибби АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Cаидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, шоҳуқоб яке аз калонтарин намуди парандагони оилаи лочинҳо ба шумор меравад. Ин парандаи соҳибчанголи пурқувват ва чолок дар баландиҳо ва гӯшаҳои дастнорас вомехӯрад. Сар ва гардани шоҳуқобро парҳои тиллоранг оро медиҳанд ва аз рӯйи ин аломат онро аз дигар парандагони соҳибчангол фарқ кардан мумкин аст.

Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳуқоб дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ вомехӯрад. Дарозии бадани шоҳуқоб беш аз 95 см ва дарозии болҳояш то 2.5 метрро ташкил медиҳад. Вазни ҷинсҳои модина то ба 7 кг ва ҷинсҳои нарина то ба 4.6 кг мерасад. Узви биноии шоҳуқоб хеле хуб инкишоф ёфтааст. Вай метавонад тӯъмаи худро дар масофаи то 4 км мушоҳида намояд. Шоҳуқоб метавонад дар баландиҳои зиёд парвоз намояд, ки парандагони дигар чунин қобилият надоранд. Суръати парвози он ҳангоми таъқиби тӯъма то ба 300 км дар як соат мерасад. Шоҳуқоб парандаи ниҳоят пурқувват буда, асосан заргӯш, дуғдоғ, мурғи ҳилол ва кабк сайд мекунад.

Шоҳуқоб дар ҷойҳои дастнорас лона гузошта, мавзеи лонагузорияшро солҳои тӯлонӣ истифода мебарад. Дар 4-5-солагӣ ба балоғат мерасад. Аввали баҳор ҷинсҳои модина 1 — 3 тухм мегузоранд. Тухмҳоро асосан ҷинси модина пахш мекунад, вале баъзан онҳоро ҷинси нарина низ иваз менамояд. Шоҳуқобҳои нарина хеле чусту чолок ва шикорчиёни моҳир мебошанд. Онҳо дар давраи пахш кардани тухм ҷинсҳои модинаро бо ғизо таъмин менамоянд. Шоҳуқоб давоми ҳаёт танҳо як маротиба ҷуфти муносиби худро интихоб намуда, ба он то охири умр вафодор мемонад.

Таркиби ғизои шоҳуқоб хеле гуногун аст. Ба таркиби ғизои он кабк, кабӯтар, мурғи ҳилол, суғур, заргӯш, рӯбоҳ, сангпушт, фардҳои ҷавон ва заифи ширхӯрони сумдори кӯҳӣ, аз қабили нахчир, бузи пармашох ва ғурм дохил мешаванд. Баъзан шоҳуқоб ҳайвоноти калонҷуссаеро сайд мекунад, ки вазни онҳо аз вазни ин паранда хеле зиёд аст. Шоҳуқоб дар табиат 25-30 сол зиндагӣ мекунад.

Сабаби асосии маҳдуд гардидани саршумори шоҳуқоб дар Тоҷикистон омилҳои ноҳинҷорӣ, таназзули муҳити сукунат, маҳдуд гардидани саршумори тӯъмаи он мебошад. Барои барқарор ва афзун гардонидани саршумори шоҳуқоб муҳити сукунати табиӣ ва мавзеъҳои лонагузории онро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст. Шоҳуқоб аз замонҳои қадим рамзи нерумандӣ ва пойдории давлату давлатдорӣ буда, сабаби парастишу эҳтироми бисёр халқият гардидааст.

Шоҳуқоб дар ҳудуди Тоҷикистон паҳншавии васеъ дорад, аммо онро парандаи муқаррарӣ ҳисобидан дуруст нест. Ин паранда ҳамчун намуди осебпазир ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст ва ба ғамхорию ҳифзи ҳамаҷониба аз тарафи инсон эҳтиёҷ дорад.

 

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид