ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ГАРАВИ ХУШБАХТИИ ИНСОН АСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус

Январь 17, 2021 09:09

 ДУШАНБЕ, 17.01.2021. /АМИТ “Ховар”/. Саломатии ҳар инсон гарави асосии зиндагии хушбахтона шахсии ӯст ва вобаста ба ин саломатии ҷомеа асоси бунёди ҷамъияти солиму хушбахту бобарор аст. Тарзи ҳаёти солим пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатӣ ва эътибори ҳар нафар инсон ва дар маҷмӯъ  ҷомеа равона шудааст. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, шореҳи адабии АМИТ “Ховар” Камол НАСРУЛЛОро доир ба тарзи ҳаёти солим ва афкори солим манзури хонандагон мегардонем.

-Далелҳои таърих гувоҳи онанд, ки ҳам дар гузашта ва ҳам дар имрӯз,  маҳз ҷомеа, кишвару мамлакате пирӯз ва хушбахт асту рӯзгори беҳинро дидааст, ки дар он ҳамин солимият, солимияти инсон ва ҷомеа дар сатҳи баланд фароҳам омада бошад. Дар осори бузургони гузаштаи мо, дар зиндагии асотирии халқамон, ки  ҳазорсолаҳои пешро фаро мегирад, чунин армони инсонӣ-зиндагии солиму хушбахтона дар сарзамини ориёии мо дар замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед ба тасвир меояд, ки бунёдаш бар тарзи солими зиндагӣ асос ёфта буд.

Тарзи ҳаёти солим гуфта мо чиро дар назар дорем? Тарзи ҳаёти солим барномаи фаъолияти ҳаётии ҷомеаи инсонист, ки барои беҳтаркардану маҳфуз доштани саломатӣ тавассути истеъмоли дурусти ғизо, омодагии ҷисмонӣ ва  солимияти рӯҳӣ, рӯ тофтан аз одатҳои зиёновар ба даст меояд. Тарзи ҳаёти солимин тарзи солими ҳаёти ҳар инсони алоҳида бо ҳадафи пешгирии бемориҳо ва таҳкими саломатии ҳамагон ва солимияти тамоми ҷомеа аст.

     Дар фарҳанги баланди одоб ва зиндагишиносии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик, метавон бисёр сарчашмаҳо ва шартҳоеро, ки  гарави солимияти ҷомеа бошанд, пайдо кард ва истифода намуд, ки имрӯз ҳам аксарашон дар фарҳанги рӯзгори солими мардуми мо маҳфуз ва ҷориянд.

Ба андешаи мо барои ноил шудан ба зиндагии солими ҷомеа ва ҳар шахс  риояи шартҳои зерин ногузиранд.

Гарави аввалини зиндагии солим покӣ ва покизагист, ки дар рӯзгори мардуми озодаманиши мо ҳамеша риоя мешуду риоя мешавад. Ҳамон чизе, ки имрӯз гигиенаи шахсӣ номида мешавад ва пас аз хурӯҷи бемориҳои охирзамон, мисли kovid-19 аз худ бештар дарак додааст. Ин покӣ ва покизагӣ на фақат дар тозагии ҷисмонӣ бояд падид ояд, балки дар тозагии муносибатҳои инсонӣ, хусусан дар  тозагии рӯҳӣ низ ҳамрадиф бояд зуҳур кунад.

Дуюм, риояи одоб ва муносибатҳои неки инсонӣ, ба таъбири имрӯза риояи этикаи инсонӣ, яъне одоби рафтору гуфтору кирдори нек, одоби шину хез, риояи муносибатҳои солими инсонӣ, ки бар асоси хайрхоҳӣ ва эҳтироми якдигар бунёд меёбанд. Ин падида низ дар фарҳанги  мардуми тоҷик на танҳо решаҳои қадима дорад, балки маърифатест оламшумул, ки эътироф гардидааст. Ва дар ин ҷода бузургони мо асарҳои зиёде таълиф додаву ҷаҳонӣ намудаанд ва пояи ин маърифатро гузоштаанд. Ва таълимотҳое чунин чун Футувват ва Ойинҳои ҷавонмардӣ далели ин гуфтаҳоянд.

Сеюм, ба андешаи мо, вақте сухан аз тарзи ҳаёти солим меравад, бояд фаромӯш накунем,ки пеш аз ҳам риояи қонуни қоидаҳои роиҷ дар ҷомеа дар ин ҷода нақши бузург мебозанд. Яъне тарзи ҳаёти солим ҳамон вақт даст медиҳад, ки ҳама қонуну қоидаҳо дар ҷомеа дар сатҳи баланд  риоя ва иҷро шаванд.Дар ин ҷода раҳнамои мо, бидуни шубҳа иҷро ва риояи Конститутсияи давлатии Тоҷикистон аст, ки намунаи беҳтарини дастур ва раҳнамои рӯзгори солими халқи мо мебошад.

Ва дар охир, бе шак, бояд гуфт, ки барои расидан ба Тарзи ҳаёти солимтанҳо ҷомеа, миллат ва халқе шарафёб мешавад, ки сатҳи баланди  маърифат, ақлу дониши расо ва одоби хуҷаста дошта бошад. Риояи ин ҳама нуктаҳо дар маҷмӯъ метавонанд тарзи солими ҳаётро барои ҷомеа муҳайё намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин ҷода тавассути фароҳам овардани шароитҳои замонавӣ, бо дастгириҳои бесобиқа дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, бо пайгирии сиёсати худшиносии миллӣ, тарбияи рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ дар ҷомеа, хусусан дар байни ҷавонон, бо қонунҳое чунин чун “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, амалӣ намудани иқдомҳое чун озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”,“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки яке аз ҳадафҳояшон баланд бардоштани маърифати ҷомеа мебошад ва даҳҳо дигар қарору қонунҳо ва ташаббусу иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон саҳми бузурги худро пайваста мегузоранд.

Дар муқоиса бо солҳои оғозини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони озод имрӯзҳо мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки тарзи солими зиндагиро пеш гирифтаву дар ин ҷода ба пирӯзиҳо шарафёб шудааст ва пайваста дар ин самт ба пирӯзиҳо ноил мегардаду пеш меравад.

Мафҳуми Тарзи ҳаёти солим дар худ як қатор мафҳумҳо вачандин  ҳадафҳоро фаромегирад. Ин на танҳо номгӯи парҳезу худдориҳо ва машқҳои варзишист. Ин тарзи ҳаётест, ки ба сатҳи баланди муносибатҳо, одобу фарҳанг, ба солимияту ҷавоншавии  ҷисм, парҳез аз одатҳои зиёновар, батартибу низом дар риояи гигиена, хӯрдани ғизо ва истироҳат, фаъолияти кории пурсамар, фаъолияти ҷисмонии муфид нигаронида шудааст.

Тарзи ҳаёти солим имконият медиҳад нақшаву ғояҳои зиёди шумо дар ҳаёт татбиқ шаванд. Одамоне,ки риоя ба он мекунанд, саршори рӯҳбаландӣ, сиҳатии комил, нерӯву шавқу завқ, маснуияти хуб буда, метавонанд аз зиндагӣ баҳра ва лаззат бигиранд ва дар рушди солимияти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Пажӯҳишҳои зиёде нишон  медиҳанд тандурустии инсон дар бисёр мавридҳо 50 фоиз аз тарзи ҳаёт вобастагӣ дорад.Омили дигаре, ки ба ҳолати тандурустии инсон таъсир мегузорад, муҳитест, ки инсонро иҳота мекнад ва ба илова ирсият ва сатҳи тандурустӣ дар ҷомеа низ нақши муассир ва бузург доранд..

Баъзе мутахассисон асосҳои тарзи солими ҳаётро дар иҷрои амалиёти мазкур мебинанд, ки бори дигар ёдрас шудан аз онҳо беманфиат нест:

Пайваста машғул будан бо варзиш,

Рӯ тофтан аз амалу хислатҳои зарарнок,

Истироҳати комил,

Риояи низоми тановули ғизо,

Қависозии маснӯият (имуннитет),

Риояи дуруст ва паёвастаигигиенаи шахсӣ,

Бо худ доштани ҳолати хуби эсосотию рӯҳонӣ.

Бояд ҳар яки мо донем, ки Тарзи ҳаёти солим пеш аз ҳама ба маснӯияти инсон таъсири мусбӣ мерасонад. Пурсишҳо муайян кардаанд, ҳар нафаре, ки чанде пеш тарзи зиндагии худро тағйир дода, аз паси  иҷрои барномаи Тарзи ҳаёти солим гардидааст, ҳолати ҷисмонии худро беҳтар эҳсос намуда, рӯҳия ва ҷаҳонбинияш ба самти хуб тағйир ёфтааст. Ба ҷуз ин кӯшиши пеш гирифтани Тарзи ҳаёти солим ба чунин натиҷаҳои беҳбуд меоранд:

Теъдоди гирифтори ба бемориҳои давомнок (хроникӣ) кам мегардад;

Ҳангоми бедоршавӣ ҷойи эҳсоси хастагиро эҳсоси нерӯмандӣ мегирад;

Таҳаммул ва тоқатнокӣ афзун меёбад;

Теъдоди гирифторӣ ба бемориҳои шамолзадагӣ ва гаронгузаронии онҳо коҳиш меёбад;

Пӯсти бадан тозаву қайиш мегардад.

Илова бар ин таҳқиқот нишон медиҳад, ки чунин тарзи  ҳаёт имкон медиҳад эҳтимоли  инкишофи якқатор бемориҳои вобаста ба синну сол кам гарданд. Ба ҷуз ин кичунин рафтори шумо намунаи ибрат барои наздикон ва хусусан кӯдакон мегардад.

Сӯҳбатҳои мо дар мавзӯъҳои Тарзи ҳаёти солим ва манфиатҳои он идома хоҳанд ёфт. Мо ният дорем минбаъд дар  ин мавзӯъ  маводҳое мушаххастар, шабеҳи барномаи солимият ба хонандагони азиз пешниҳод намоем, то раҳнамои хубе барои расидан ба тарзи ҳаёти солим дар даст дошта бошанд.

Январь 17, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд