«Теъдоди неругоҳҳои офтобию шамолиро зиёд бояд кард», «Шакаристони ёдҳо»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Январь 14, 2021 15:17

ДУШАНБЕ, 14.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти  даврии мамлакат рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро нашр намудаанд.

«Ҷумҳурият» — нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи 8 (24 115) чоршанбе, 13 январи  соли 2021 дар саҳифаи аввал Барқияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон чоп намудааст. Ҳамчунин дар ин шумора мақолаи «Шириншоҳ Шоҳтемур. Охирин сафаре, ки бо тақдири пурмоҷаро тамом шуд» нашр шудааст, ки дар он оид ба ҳаёт ва зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемур навишта шуда, суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шудаанд: «Шириншоҳ Шоҳтемур дар умри кӯтоҳи худ дар таърихи миллат саҳифаҳои дурахшонеро сабт намудааст. Хизматҳои беназири ӯро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат баъди 70 соли фаромӯшӣ ин фарзанди ҷонфидои миллатро бо унвони олии мамлакат–Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонид».

Ҳамзамон хонандагони нашрияи расмии «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумора мақолаҳоро таҳти унвони   «Шиносномаи забони миллат — Эмомалӣ Раҳмон. «Забони миллат-ҳастии миллат». Китоби 2 –«Забон ва замон», «Рӯзгоре барои ибрат» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ва ҷаҳон мутолиа намоянд.

«Садои мардум»-нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №5 (4267) 14 январи соли 2021 дар саҳифаи аввали шумора  мақолаи «Мулоқоти Муҳаммадтоир Зокирзода бо Игор Лякин-Фролов»-ро чоп намудааст. Инчунин дар ин шумора доир ба «Имтиёзҳои андозӣ. Киҳо соли 2021 аз он баҳравар мегарданд?» мақола ба табъ расидааст. Дар баробари ин хонандагони «Садои мардум» имкон доранд  дар радифи хабару гузоришҳо аз фаъолияти Парлумони мамлакат, инчунин мақолаҳоро таҳти унвони  «Хирад афсари шаҳриёрон бувад»,  «Рӯшангари имрӯзу фардо»,  «Теъдоди неругоҳҳои офтобию шамолиро зиёд бояд кард», «Рушди забони давлатӣ- омили ҳастии миллат» ва «Сурудаш ҷовидон бод» мутолиа намоянд.

«Народная  газета»- нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи  рӯзи чоршанбе, №2 (20284) 13 январи соли 2021 таҳти унвони «Президент страны Эмомали Рахмон ознокомился с ходом строительных работ на Площади «Истиклол»» мавод ба нашр расонидааст. Инчунин дар ин шумора мусоҳибаи хабарнигори газета бо ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ  Виктор Ким бо номи “Независимость основа сохранения  мира, единсва и согласия” нашр шудааст. Ҳамзамон ҳайати  эҷодии нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар ин шумора мақолаҳоеро, ба монанди «Мы удовлетворены уровнем многогранных отношений между Таджикистаном и Катаром (интервью Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмон для газеты «Ал-Шарк» Государства Катар)», «Таджикистан: экзамен на стойкость и стабильност», «Достижения Национального музея в приод пандемии» ва дигар хабару гузоришҳоро таҳия намуда, пешкаши хонандагони нашрия намудаанд.

Нашрияи  марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/— «Минбари халқ» дар шумораи № 2 (1296)  чоршанбе, 13 январи соли 2021 аз ҷараёни ниҳолшинонӣ дар Майдони  «Истиқлол», ки 7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дарахт шинониданд, матлаб нашр намудааст.

Ҳамзамон мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо рӯзномаи «Ал-Шарқ» -и давлати Қатар дар саҳифаи ин нашрия ба табъ расидааст. Дар баробари ин хонандагони нашрия метавонанд матлабҳои зеринро, ба монанди «Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба манфиати ҳамагон аст», «Таъсири СOVID-19 ба  иқтисоди Тоҷикистон»,  «Хурофот аз ҷаҳолат сарчашма мегирад», «Шакаристони ёдҳо», «Вассофи Ватан буд…» ва дигар  хабару гузоришҳоро аз фаъолияти ҲХДТ мутолиа намоянд.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2021 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид