Тоҷикистон ва Украина масъалаи барқарор кардани парвозҳои мустақимро байни пойтахтҳо баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ дар Киев мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири зерсохтори Украина Владислав Криклий баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи нақлиёт, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва молу маҳсулот, истифодаи иқтидори транзитии ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Инчуин ҷонибҳо масъалаи иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ (аз 4 марти соли 2020) ва омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссия соли равон дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.
Инчунин масъалаи ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишварро таъкид карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд






