Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки ояндаи наздик талаботи аҳолиро бо неруи барқ пурра қонеъ созад

Январь 27, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 27.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо неруи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Ин нуктаро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январ зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Воқеан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба назар расиданд. Дар соҳаи энергетикаи мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, ба истифода супоридани неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда- 1», «Сангтӯда- 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», инчунин Неругоҳи «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ва даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурд аз ҷумлаи дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои охир мебошанд.

22 декабри соли 2016 Пешвои миллат дар  Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки «тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари  пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад».

Дар Паёми имсола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли 2015 дар деҳаи Барҷангали Ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии НБО «Себзор» оғоз бахшиданд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди устувори деҳот, энергияи сабз ва  паст намудани сатҳи камбизоатии сокинони ноҳияи дурдасти Тоҷикистон дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъа дар масофаи 15 километр дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ Неругоҳи барқии обии  «Себзор» бунёд мешавад. Баъди ба кор даровардани неругоҳ то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Дар доираи амалишавии он тахминан 220 ҳазор нафар аҳолӣ бо неруи барқ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамзамон шароит ба миён меояд, ки неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шавад.

Бо сохтмони НБО «Себзор» бунёди хати баландшиддати интиқоли барқи 110-киловолтаи «Себзор-Хоруғ» бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки он минбаъд сабаби баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад