Вакили Маҷлиси намояндагон Мироҷ Абдуллоев бо сокинони Муъминобод оид ба масоили муҳим мулоқоту суҳбат намуд

Январь 5, 2021 13:48

ДУШАНБЕ, 5.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо иштироки раиси ноҳия Лутфия Шарифзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев ва сокинони ноҳияи Муъминобод вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Мироҷ Абдуллоев зимни мулоқот бо интихобкунандагон муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва самаранок истифода бурдани ҳар порча замин шарҳ дод.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 январ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо мақсади миёни мардум бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи мақсадноки неруи барқ, гирифтани пеши роҳи масрафи беҳуда ва истифодаи ғайриқонунии  он  ҷараён дорад.

Январь 5, 2021 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд