Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Панҷакент бо интихобкунандагон мулоқот доир намуданд

Январь 5, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 05.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров — аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ва Парвиз Шодизода — аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Панҷакент №21 дирӯз дар шаҳри Панҷакент бо интихобкунандагон мулоқот намуданд.

 АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот бо сокинони шаҳр Абдуҳалим Ғаффорзода доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи сиёсӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ибрози андеша намуд. Ӯ ҳамчунин доир ба зарурати истифодаи сарфакоронаву самаранок ва оқилонаи неруи барқ андешаронӣ намуда, сокинони шаҳру деҳоти Панҷакентро даъват кард, ки муҳимияти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқро ба хубӣ дарк намуда, дар ин самт бетараф набошанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода зикр намуд, ки новобаста аз таъсири манфии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ба аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, Ҳукумати мамлакат фаъолияти мунтазам ва бомароми мақомоти давлатиро дуруст ба роҳ монда, дар ин давра ҷиҳати таъмини пешрафти иқтисоди мамлакат лоиҳаи қонунҳои мукаммалро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабул гардиданд.

Зикр гардид, ки баҳри бартараф намудани таъсири пандемия ба иқтисодиёт ва гирифтор нагардидан ба мушкилоти норасоии озуқаворӣ соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифода намудани ҳар порчаи замин зарурати беш аз пеш тақозо мекунад. Дар ин росто, роҳбарону фаъолон ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки дар самти сари вақт кишт намудани зироат ва гирифтани ду-се ҳосил, бахусус дар заминҳои наздиҳавлигӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ корбарии судмандро ба роҳ монанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода изҳор дошт, ки дар самти вусъат бахшидан ба корҳои кишоварзӣ ҷиҳати омодагиҳо ба мавсими кишту кори саҳроӣ дар ҳудуди шаҳру деҳот гурӯҳҳои корӣ ташкил ва сафарбар карда шуда, миёни аҳолӣ доир ба истифодаи самараноки замин ва сарфаи неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста ҷараён доранд.

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин бо сокинони Ҷамоати деҳоти Саразм низ доир гардида, дар дигар ҷамоатҳо ва деҳоти ноҳия идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҷадвали гузаронидани вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 31 декабри соли 2020 то 9 январи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Январь 5, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд