11 феврал марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 оғоз мешавад

Февраль 9, 2021 08:28

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ-2021 баргузор шуд. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои  Душанбе ва Ҳисор баргузор мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз 11 то 20 феврал  сурат мегирад  ва  дар он ҳашт даста  иштирок мекунанд.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои КМВА-и Душанбе, «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб, «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва дар гурӯҳи «Б» дастаҳои  футболи  «Эсхата-2»-и шаҳри Хуҷанд, «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  ва «Регар-ТадАЗ»-и  шаҳри Турсунзода ширкат мекунанд.

Тибқи муқаррароти Ҷоми Федератсия-2021, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ½-ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Вохӯрии ниҳоии Ҷоми ФФТ 20 феврал ба нақша гирифта шудааст.

Дар даври аввал 11 феврал дастаҳои  КМВА бо  «Истиқлол», «Равшан» бо «Мастчоҳ», «Эсхата-2»  бо «Регар-ТадАЗ»  ва «Барқчӣ»  бо «Хатлон»  бозӣ мекунанд.

Дар асоси низомномаи мусобиқа, дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба нимфинал роҳхат мегиранд. Қисмати финалии Ҷоми ФФТ-2021 20 феврал ба нақша гирифта шудааст.

Ҷоми ФФТ-2021. Марҳилаи финалӣ

Гурӯҳи «А»
КМВА (Душанбе)
«Равшан» (Кӯлоб)
«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)
«Истиқлол» (Душанбе)

Гурӯҳи «Б»
«Эсхата-2» (Хуҷанд)
«Барқчӣ» (Ҳисор)
«Хатлон» (Бохтар)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

Ҷадвали бозиҳо

Даври 1-ум
11 феврал (панҷшанбе)

Гурӯҳи «А»
КМВА – «Истиқлол»
«Равшан» – «Мастчоҳ»

Гурӯҳи «Б»
«Эсхата-2» – «Регар-ТадАЗ»
«Барқчӣ» – «Хатлон»

Даври 2-юм

13 феврал (шанбе)

Гурӯҳи «А»
«Истиқлол» – «Мастчоҳ»
КМВА – «Равшан»

Гурӯҳи «Б»
«Эсхата-2» – «Хатлон»
«Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ»

Даври 3-юм

15 феврал (душанбе)

Гурӯҳи «А»
«Равшан» – «Истиқлол»
«Мастчоҳ» – КМВА

Гурӯҳи «Б»
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»
«Хатлон» – «Эсхата-2»

Февраль 9, 2021 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид