Соли 2021 сохтмони панҷ мактаб дар Тоҷикистон аз ҳисоби Ҳукумати Федератсияи Россия оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оғози корҳои сохтмонӣ дар 5 мактаб дар Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешаванд, пас аз мувофиқаи лоиҳаи тарҳи биноҳо дар семоҳаи дуюми соли 2021 ба роҳ монда мешавад. Ин нукта зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Квартсов баён гардид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мулоқоти мазкур 8-10 феврали соли равон зимни сафари ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Россия бо мақсади иштирок дар 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар доираи ин сафар Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо чанд намояндаи Ҳукумати Федератсияи Россия вохӯриву суҳбатҳои корӣ анҷом дод.
Инчунин Вазири маорифи мамлакат бо муовини якуми вазири маорифи Россия Дмитрий Глушко, муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Россия Наталя Бачарова, сардори шуъбаи Тоҷикистонии Вазорати корҳои хориҷии Россия Валерий Шибеко мулоқот намуд.
Дар мулоқот бо муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Наталя Бачарова оид ба ҳалли мушкилоти дуҷониба дар робита ба масъалаи пайгирӣ ва ба имзо расонидани Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, баробарарзишии дараҷа ва унвонҳои илмӣ, додани иҷозат барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, зиёд намудани теъдоди квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия табодули назар намуданд.
Зимни мулоқоти доиргардида дар бораи хотимаи расмиёти ба тавозуни ҷониби Тоҷикистон гузаштани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Кӯлоб низ гуфтугӯ сурат гирифт.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






