Абдуҷаббор Раҳмонзода аз «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар дидан намуд

Февраль 3, 2021 16:15

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ»-и назди Институти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дидан намуд.

Тавре сардори маркази таҳлилӣ-иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Комрони Бахтиёр иттилоъ дод, зимни боздид раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷовиддин Саломзода ва ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода низ иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати муаррифии «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро ба нақша гирифтааст, ки 12-13 марти соли равон доир мешавад.

Бояд гуфт, ки «Маркази илмӣ-таҳқиқотии Мавлоношиносӣ» дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Бохтар 26 январи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар назди Институти илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ таъсис дода шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни сафари корӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар иншооти соҳавӣ, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегарданд, дидан намуд.

Февраль 3, 2021 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад