Абдуҷаббор Юсуфзода: Шумораи оҳуи холдор дар фермаи оҳупарварии «Қаратоғ» 302 сарро ташкил медиҳад

Февраль 11, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки  ҳоло шумораи оҳуи холдор  дар фермаи оҳупарварии «Қаратоғ» 302 сарро ташкил медиҳад.

Ба зикри мавсуф, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2020  барои зиёд намудани саршумори оҳу дар майдони 1154  гектар замин илова шуда, дар оянда нақша ҳаст, ки саршумори оҳуи холдор боз ҳам зиёд карда шавад.

Сардори Раёсати Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарипов  иброз дошт, ки соли 1973 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода фермаи оҳупарварӣ  таъсис ёфта, 302 сар оҳуи холдор дар он ҷо парвариш меёбанд.

«Оҳуи холдорро ба Тоҷикистон солҳои 70-ум  аз Федератсияи Россия бо мақсади истеҳсоли доруи пантокрин ворид намуда,  парвариши онро ба роҳ монда буданд»,-гуфт Давлаталӣ Шарипов.

Февраль 11, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд