Чаро дар китобхонаҳои ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Роғун китобҳои бачагона каманд?

Февраль 9, 2021 10:53

РОҒУН, 09.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд зимни нишасти матбуотӣ аз роҳбарони шаҳри Роғун сабаби  кам будани китобҳои бачагона дар китобхонаҳои ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Роғун ва аз ин ҳисоб қонеъ нагардидани талаботи наврасон ба китобҳои тозанашри  дилхоҳашонро пурсон шуд.

Масъулин дар посух гуфтанд, ки соли 2019 бо маблағи зиёда аз панҷ ҳазор сомонӣ ва соли 2020 бо маблағи зиёда аз ҳафт ҳазор сомонӣ барои китобхонаҳои бахши фарҳанги шаҳр китобҳои тозанашр хариданд. Соли 2020 барои китобхонаҳои соҳаи маориф аз ярмаркаи баргузорнамудаи нашриёти «Адиб» дар шаҳри Роғун  бо маблағи зиёда аз 75 ҳазор сомонӣ китобҳои тозанашр харида шуданд. Директори китобхонаҳои марказонидашудаи бахши фарҳанги шаҳри Роғун Муродбек Раҳимов гуфт, ки айни замон дар китобхонаҳои шаҳри  Роғун 13 ҳазору 64 нусха китобҳои бачагона мавҷуд мебошанд, ки  қисми зиёди он аз замони шӯравӣ  бо забони русӣ боқӣ мондааст. Вале  дар вақти хариди китобҳои тозанашр  дархости мудирони китобхонаҳои деҳоти шаҳр ба назар гирифта намешавад. Аз ин ҳисоб  хоҳиши хонандагони  наврас қонеъ намегардад.

Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ  изҳор намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст, ки аз  145  банд иборат мебошад. То  имрӯз  90 банди ин нақша амалӣ шудааст.  Иншооте, ки бахшида ба ин ҷашни фархунда сохта мешаванд, аз муассисаҳои таълимӣ,  муассисаи томактабӣ, бунёди  гулгаштҳо, таъмиру барқарорсозӣ,  равшаннамоии маҳаллаҳо,  бунгоҳи тиббӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, марказҳои сайёҳӣ,  дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ иборат мебошанд.

Сокинону соҳибкорони шаҳри Роғун  барои дар сатҳи баланд  пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ    дар созандагию бунёдкории ватану диёри хеш саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Зимни нишаст зикр шуд, ки соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои иловагии  буҷети маҳаллии шаҳри Роғун барқарорсозии системаи  гармидиҳӣ ва васли деги обгармкунаки ангиштӣ дар қисми низомии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо маблағи 208,4 ҳазор сомонӣ  ва  таъмири асосии ошёнаи сеюми  беморхонаи минтақавии  ҷамоати шаҳраки Оби гарми шаҳри Роғун  бо маблағи 147, 2 ҳазор сомонӣ  ба анҷом расонида шуд.

Февраль 9, 2021 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд