АСОСАН ШАҲРВАНДОНИ ӮЗБЕКИСТОН, ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН ҶАЛБ КАРДА МЕШАВАНД. Аз моҳи декабр ҳудуди 14 ҳазор муҳоҷир дар асоси системаи содакардашуда барои кор дар сохтмон ба Россия ворид шуданд

Февраль 10, 2021 12:59

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи декабри соли 2020 тақрибан 14 ҳазор муҳоҷир барои кор дар сохтмонҳо ба Россия ворид шуданд. Дар ин бора 9 феврал ТАСС бо истинод ба муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Россия Никита Стасишин хабар дод.

«Шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии воридшуда, ки барои татбиқи лоиҳаҳои калон дар соҳаи сохтмон, аз ҷумла сохтмони иншооти марбут ба татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ҷалб шудаанд, тақрибан 14 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Асосан шаҳрвандони ИДМ (Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон) ба шаҳри Москва, вилоятҳои Москва, Амур, Ленинград, Сахалин, Ҷумҳурии Тотористон, кишвари Красноярск ҷалб карда мешаванд», — гуфт Стасишин.

Стасишин тазаккур дод, ки дар робита ба маҳдуд шудани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Россия ба Вазорати сохтмон дархостҳои зиёде аз лоиҳакашҳо дар бораи ҷалби муҳоҷирон ба кор дар сохтмонҳо ворид мешаванд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ, дар доираи низомномаи таҳиянамудаи вазорат аллакай аз 40 ширкати сохтмонӣ дархост ворид шуда, дархости 10 ширкат тасдиқ карда шуд. «Муҳлати умумии баррасии дархостҳо 7-10 рӯзро ташкил медиҳад», — гуфт муовини вазир.

«Дархостҳои воридшуда ҳарчи зудтар дар доираи кори ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Федератсияи Россия таҳти раисии муовини Сарвазири Федератсияи Россия Татяна Голикова баррасӣ карда мешаванд. Баррасии дархостҳо, аз ҷумла бо назардошти ҳамкории муташаккилонаи Вазорати сохтмон бо «Роспотребнадзор» ва Вазорати корҳои дохилии Россия сурат мегирад», — гуфт Стасишин.

Охири моҳи январ дар барномаи телевизионии «Москва-24» Стасишин хабар дод, ки дархостҳои ширкатҳои сохтмонӣ барои воридоти муҳоҷирон аз Туркия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои кор дар сохтмонҳои Россия онлайн сурат мегиранд.

Қаблан Вазорати сохтмон яке аз сабабҳои нарасидани неруи корӣ дар сохтмонҳоро маҳдудияти ҷоришуда барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Россия номид.

Тавре муовини сарвазир Марат Хуснуллин охири моҳи декабри соли 2020 хабар дод, 1,5 миллион муҳоҷироне, ки дар сохтмонҳо кор мекарданд, бинобар пандемия ба Россия барнагаштаанд.

Дар бораи вуруди содакардашуда

Ба гуфтаи Стасишин, тартиби содакардашуда ба интиқоли муташаккилонаи муҳоҷирон ба кор дар сохтмонҳо равона карда шудааст ва дар ҳамин ҳол ширкати сохтмонӣ вазифадор аст, ки қонунгузории амалкунандаи Россияро риоя ва назорати санитарию эпидемиологиро таъмин намояд. «Аз ҷумла, ин ҳамроҳӣ кардани шаҳрвандони хориҷии ҷалбшуда пас аз расиданашон ба қаламрави субъекти дахлдори Федератсияи Россия то ҷои будубош, озмоиш барои COVID-19 пеш аз оғози фаъолияти кор, ташкили ҷойҳои истиқомат мутобиқи талаботи ҳозира, сабти ном дар ҷои будубош, додани иҷозатномаҳо ва бастани шартномаи меҳнатӣ мебошад», — шарҳ дод муовини вазир.

Қаблан Президенти Россия Владимир Путин ба ҳукумати Россия дастур дод, ки ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ба сохтмонҳо то 1 марти соли 2021 бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ сода гардонад.

АКС аз Дмитрий Горчаков, бойгонии 66.ru 

Февраль 10, 2021 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад