Бо донишҷӯёни ятиму бепарастор аз муассисҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд мулоқот доир гардид

Февраль 19, 2021 08:57

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни ятиму бепарастор  аз муассисҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд мулоқот  доир  гардид. Дар  вохӯрӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, ки бо сафари  корӣ  дар ин вилоят қарор дошт, иштирок намуда, ба 15 нафар собиқадорони иттифоқи касаба ва 100 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор туҳфа тақдим намуд.

Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот  Маликшо Неъматзода зикр кард, ки давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, омӯзиши касбу ҳунар  ва соҳибмаърифат гардидани наврасону  ҷавонони бепарастор, ки онҳоро фарзандони маънавии хеш мехонанд,  пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешанд.

Дар мулоқот ҳамчунин аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо хубу аъло таҳсил намуда, мутахассисони варзида гардида, ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

Сипас чанде аз донишҷӯён оид ба  дастгириҳои пайвастаи  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон  ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки онҳо  бо хониши аъло ва рафтори намунавӣ сазовори боварии Сарвари давлат   гардида, дар  ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳми шоиста хоҳанд гузошт.

Февраль 19, 2021 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд