ЧАҲОРЯК АСР ДАР ПАЙИ СУБОТИ ҶОМЕА. Имсол ба таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад

Февраль 13, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 13.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст, на танҳо дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давдлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон  назири худро надорад. Ин дар дунё ягона созмонест, ки дар  ҷамъомадҳои  он ҷонибҳо дар шахси роҳбарияти олии мамлакат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ атрофи як миз  ба ҳам меоянд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳим дар асоси принсипҳои баробар ва демократӣ якҷоя ширкат меварзанд.

9 апрел ба таъсиси Шӯро 25 сол пур мешавад.  Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Нуралӣ САИДОВ  дар суҳбат АМИТ “Ховар” роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар тӯли ин солҳо ва нақшаи тадбирҳои минбаъда чунин гуфт:

— Бале, чаҳоряк аср муқаддам дар ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти нави сиёсию иҷтимоӣ – Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфт ва тайи ин муддат бо муваффақият дар самти ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат ба таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бунёди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ фаъолият намуда, дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулият дорад.

Нуралӣ Саидов – Қотиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар тӯли фаъолияти пурсамари хеш ба минбари муколама, таҳлилу машварат, таҳаммулпазирии диду назарҳо ва табодули назар мубаддал гашта, дар атрофи худ беҳтарин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро гирд овардааст.

Фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ аз тариқи баргузории ҷаласаҳо, мизҳои мудаввар, конференсия, назарсанҷӣ ва семинарҳо дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешавад, ки дар кори онҳо масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Барои ҳаллу фасли масоили мубрами мавҷуда пешниҳодҳои мушаххаси ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷамъ оварда ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  манзур карда мешаванд.

ДАР АКС: ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе 9 апрели соли 1996.Дар байн – Президенти ҶТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонии АМИТ “Ховар”

Дар тӯли 25 соли фаъолияти пурсамари хеш Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби бузурги таҳлилӣ, машваратӣ ва омӯзиш табдил ёфта, дар ин муддат вазифаҳои зеринро ба таври мунтазам ба иҷро расонида истодааст:

— таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ бо мақсади ба даст овардани тавозуни манфиат ва ақидаҳо, ҳамчунин рушди гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ;

— таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии (маънавии) ҷомеа, ҳангоми зарурат, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани ташхис ва таҳлили онҳо, муҳокимаи ҷамъиятии масоили муҳими иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, тағйироте, ки дар он рух медиҳанд, ҳамчунин пешниҳоди таклифҳои мушаххас оид ба пешрафту такмили онҳо;

— таҳияи барномаҳо ва консепсияҳо, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ташаккули муҳити зисти мусоид, инчунин пешниҳодҳое, ки барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа нигаронида шудаанд;

— ҷустуҷӯ ва татбиқи шаклҳои нави шарикӣ (ҳамкориҳо), махсусан байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин тарафҳои дигари манфиатдор;

— мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд;

— мусоидат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, муқовимат алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, мубориза бо терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона ва маҳалгароӣ.

Масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баҳсу муҳокима қарор мегиранд, бо пешниҳоди аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар мувофиқа ва бо ризоияти Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардида, дар сурати зарурат масъалаҳои мубрами рӯз дар ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ матраҳ мегарданд.

Раванди муколама дар Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хос аст, зеро Шӯрои мазкур ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар ҷаласаҳои он ҷонибҳо —  аз як тараф роҳбарияти олии давлат дар шахси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи дигар — намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ: ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бевосита ширкат варзида, қарорҳои ҷаласаи Шӯро дар асоси усулҳои демократӣ, баробарҳуқуқӣ ва озодона қабул мегарданд.

Созмонҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар раванди муколама бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар доираи қонунгузории мавҷуда ва меъёрҳои байналмилалӣ амал карда, назару андешаҳои худро ба ниҳодҳои давлатӣ воқеъбинона ва бо дарназардошти манфиатҳои давлату миллат пешниҳод менамоянд.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзида, карорҳои ҷаласаҳои Шӯро бо ҷонибдории аксарияти овозҳои иштирокчиён қабул мешаванд. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар байни роҳбарони ҳизбу ҳаракат, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии узви Шӯро ихтилофи назар вуҷуд надошта бошад. Борҳо шудааст, ки вобаста ба ин ё он масъала андешаҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба таври гуногун баён шудаанд. Лекин вақте ки дар бораи ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа сухан меравад, аъзои Шӯро сарфи назар аз мансубият ба ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳаммарому ҳамақидаанд ва якдилона манфиатҳои миллии кишварро аз манфиатҳои ҳизбӣ, гуруҳӣ, мазҳабӣ ва минтақавӣ боло гузошта, сиёсати ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ танқид чизи муқаррарист, зеро узви Шӯрои ҷамъиятӣ роҳбарони ташкилоти бонуфузи ҷамъиятӣ, ашхоси саршиноси сиёсию ҷамъиятӣ, зиёиёни соҳибақида, озодфикр, олимони гуногунандеш ҳастанд, ки доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа фикру андеша ва мулоҳизаҳои худро доранд.

Ба назари аввал чунин менамояд, ки созмонҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳокимияти давлатиро бо дарназардошти дарки субъективии худ танқид мекунанд: гӯё ҳадафи асосӣ ва бахши фаъолияти онҳо фақат аз танқид иборат бошад, вале дар аснои муколама аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ кӯшиш мекунанд, ки аз доираи усули созанда, воқеъбинона ва одилонаи танқид берун нараванд ва ба иззати нафси шахсиятҳо нарасанд. Ба яқин интиқодҳои иброзшуда дар ин муколамаҳо ба манфиати эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мусоидат менамоянд.

Ҳадафи интиқод фақат барои нуктагирӣ нест, мақсад аз он иборат аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷо амал намуда, нуқсу норасоиҳоро бо ёрии ҳамдигар бартараф намоянд.

Вобаста ба вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳое, ки мавзӯъҳои онҳо ба таври мунтазам давра ба давра баррасӣ мегарданд, ба рӯзномаи ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ ворид гардида, аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳогузорӣ шуда, нуқтаи назари Шӯрои ҷамъиятӣ мушаххас мегардад. Иловатан масоили мубраме, ки характери консептуалӣ доранд ва дар сатҳи сиёсати умумимиллӣ муҳим арзёбӣ мешавад, дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, аз ҷумла:

— шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»   аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ;

— ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок ва мусоидат намудани Шӯрои ҷамъиятӣ дар амалӣ шудани барномаву нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  баррасии лоиҳаи  «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба сифати марҳилаи дувуми «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ;

— ҳамкории ҳар чи бештари аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бо қишрҳои мухталифи ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар раванди амалисозии чор ҳадафи стратегии давлат-таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар;

— тарғиби ҳамаҷонибаи моҳият ва аҳамияти ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028»  аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, рӯзноманигорон, кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои дигари ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

— мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бармеоянд;

— нақши интихобот дар таҳким ва густариши демократия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол;

— ба роҳ мондани фаъолияти муназзами Шӯрои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат, гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар кишвар;

— масъалаҳои кор бо ҷавонон, занону бонувон, масоили гендерӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи фарҳанги миллӣ;

— баррасии барномаҳо, стратегияҳои давлатӣ ва лоиҳаи қонунҳои нав аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Имсол Шӯрои ҷамъиятӣ таҳлилу баррасии масъалаҳои зеринро дар Нақшаи кории худ дохил кардааст:

  1. Мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллии тоҷикон, хурофоту иртиҷопарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Мизи мудаввар дар мавзӯи «Таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон. Ҷанги иттилоотӣ ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ».
  3. Муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути рушди соҳаи сайёҳӣ дар давраи ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ.
  4. Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай: густариши ҳамкорӣ баҳри субот ва рушду инкишоф. Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва Раёсати ҶТ дар СҲШ солҳои 2020-2021».
  5. Масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисоси ҳунарҳои нав ва касбҳои коргарӣ, инчунин паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ.
  6. Баррасии лоиҳаи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солиҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии он дар солҳои 2021-2025.
  7. Саҳми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар амалисозии сиёсати хориҷии кишвар

Бо гузашти солҳо маълум гардид, ки Шӯрои ҷамъиятӣ рисолати хешро дар ин муддати начандон тӯлонии таърихӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод ва ба неруи сиёсиву зеҳнии ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт.

Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди бонуфузи сиёсӣ-иҷтимоӣ дар муддати фаъолияти худ барои ба вуҷуд овардани фазои мусоид дар муколамаи ҳақиқии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар амалисозии сиёсати давлатӣ, сулҳу Ваҳдат ва ризоияти ҷомеа, рушди демократия ва гуногунандешӣ саҳми арзишманд гузошт ва ин вазифаи муҳимро идома хоҳад дод.

 

Февраль 13, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин