Дабири кулли СААД ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СААД Станислав Зас (ДАР АКС) имрӯз ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Созмон хабар додааст. Мушаххас шудааст, ки сафари расмии Дабири кулли СААД се рӯз, аз 16 то 19 феврал идома хоҳад ёфт.
Дар ҷараёни сафари худ Станислав Зас бо Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард ва мавзӯи асосии муколама иҷрои қарорҳои иҷлосияи ШАД ва иҷрои самтҳои афзалиятноки СААД дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021 хоҳад буд.
Инчунин дабири кулли СААД бо вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиаи Тоҷикистон, Котиби Шӯрои амнияти кишвар, роҳбарони КДАМ ва Қӯшунҳои марзбонии кишвар музокирот анҷом медиҳад.
Ин маълумотро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ тасдиқ кард.
Ёдовар мешавем, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) -созмони байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амният мебошад, ки дар ҳоло шаш давлат иштирокчии он мебошанд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон. Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ (ШАД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо шуда буд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






