Дар Агентии назорати маводи нашъаовар бахшида ба Артиши миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид

Февраль 20, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида 28-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни асосии давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, баргузор карда шуд. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Директори  Агентӣ, генерал майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода чорабиниро оғоз намуда, зикр кард, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъд аз якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт.

Бояд тазаккур дод, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо ҳам пушти сар гузошт дар миёни неруҳои ҳарбии дигар кишварҳои ҳамсоя таҷрибаи зиёдеро кашф намудааст. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаҳои ҷангиро омӯхт ва имрӯз бо истифода аз он дар шуури ҳайати шахсӣ ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносиро бо масъулияти баланд мепарварад.

Ҳамчунин  директори  Агентӣ таъкид дошт, ки афсарону сарбозон ва ҷавонони баору номуси тоҷик бояд доимо зираку ҳушёр бошанд, то фазои орому осудаи имрӯзаи кишварро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ҳамчунин қайд карданд, ки ҳар як афсару сарбоз таърих, забону фарҳанг, расму ойинҳои миллӣ ва ҳар ваҷаб пораи хоки Тоҷикистонро азизу муқаддас шуморида, ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург шуморанд.

Дар чорабинии тантанавӣ афсарони собиқадор ва ҷавони Агентӣ низ баромад намуда, иброз доштанд, ки ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандиро дар назди Ватан, миллат ва давлат минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи марзу буми кишвари азиз сафарбар сохта, ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии баланд истиқбол мегиранд.

Дар хотимаи чорабинӣ якқатор афсарону кормандон бо рутба, Ифтихорнома ва дигар туҳфахои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Февраль 20, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»