Дар Душанбе ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ навоихонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Мир Алишери Навоии шаҳри Душанбе бо ташаббуси нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» ба муносибати 580-солагии сардафтари адабиёти классикии ўзбек Мир Алишери Навоӣ навоихонӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» хабарнигори «Халқ овози» Зуҳриддин Умаров хабар дод, дар барнома кормандони рўзномаи «Халқ овози», шоирон ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок карданд.
«9 феврали соли ҷорӣ ба таваллуди шоир, мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ўзбек ва ходими давлатӣ Низомиддин Алишери Навоӣ 580 сол пур мешавад. Шоири бузург бо асарҳои мондагору ҷовидонаи худ ба рушди адабиёти ўзбек ва тоҷик ҳиссаи арзишманд гузоштааст», — тазаккур дод сармуҳаррири рўзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода зимни суханронӣ.
Дар идома ӯ илова намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти хотираи шоири тавоно дар маркази пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Мир Алишери Навоӣ бунёд гардид ва дар он муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи ду миллати бо ҳам дўсту бародар ва ҳамсояи тоҷику ўзбек – Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ гузошта шуд. «Албатта, ин нишонаи эҳтиром ба дўстии чандинасраи халқҳои тоҷику ўзбек ва бузургдошти фарзандони фарзонаи ин миллатҳо мебошад», — таъкид кард Ёқубҷон Абдуманонзода.
Дар барнома доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир, асарҳои ў ва робитаҳои устодиву шогирдии Ҷомӣ ва Навоӣ суҳбати пурмуҳтаво доир гардид.
Аз ҷумла, шоири ўзбекзабони Тоҷикистон Эркин Шукур зикр кард, ки Алишери Навоӣ бо офаридани «Хамса», ки аз «Ҳайрат-ул-аброр», «Фарҳод ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Сабъаи сайёр» ва «Саъди искандарӣ» иборат мебошад, ба ояндагон мерос гузошт. Ҳамчунин асарҳои дигари шоир имрўз ба ганҷинаи бебаҳои адабиёти ўзбек табдил ёфтаанд.
Мавсуф аз он ёдовар шуд, ки Алишери Навоӣ дар баробари шеъру ғазалҳои ўзбекӣ бо забони тоҷикӣ низ ғазалҳо навишта, девони тоҷикии ў бо номи «Девони Фонӣ» ба табъ расидааст.
Дар барнома аз тарафи эҷодкорони ўзбекзабони кишвар Абдулло Саидов, Искандар Маҳмадалиев ва дигарон ғазалҳои ўзбекӣ ва тоҷикии Мир Алишери Навоӣ қироат карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки 27 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев Боғи ба номи Низомиддин Алишер Навоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буданд.

ДАР АКС: ҳангоми ба истифода додани Боғи ба номи Навоӣ дар шаҳри Душанбе, 27 сентябри соли 2018. Аз чап ба рост – Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон Озода Раҳмон, Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.
Боғи ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон бунёд карда шудааст. Шинонидани дарахтон, сабзу хуррамгардонӣ, насби чароғпояву таҷҳизоти зарурӣ ва интихоби мавзеи дигар инфрасохтори боғро аз рӯи тафаккуру нигоҳ, яъне пешниҳодҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудаанд.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон кўчаву хиёбонҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба номи Алишери Навоӣ гузошта шудаанд.
АКСҲО аз рӯзномаи «Халқ овози» ва Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






