Дар Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант Осорхонаи Пешвои миллат ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 08.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил мегардад. Бо ин мақсад ин муассиса мавриди навсозӣ қарор гирифтааст.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 6 феврал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант дидан намуданд.
Таъмиру навсозии муассисаи мазкур ба хотири фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо бо аёнияти дарсӣ роҳандозӣ гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат охири солҳои 60-уми асри гузашта дар Омӯзишгоҳи касбию техникии №40-и шаҳри Калининобод (имрӯза Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант) таҳсил намудаанд. Аз ин рӯ аёнияти таълимии замони таҳсили Президенти мамлакат дар ин таълимгоҳ ҷамъоварӣ гардида, дар осорхона маҳфуз дошта мешаванд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки осорхонаи Пешвои миллат мувофиқ ба солҳои 60-70-уми асри XX бо кандакорию гаҷкорӣ бунёд шуда, аёнияти дарсии онвақта бояд ҷамъоварӣ шаванд. Ба масъулин дастур доданд, ки аз ҳама имконияти мавҷуда истифода намуда, осорхонаро дар муҳлати муайян ба истифода диҳанд.
Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант соли 1967 таъсис ёфтааст. Ҳоло литсей аз се бинои таълимӣ, се хобгоҳ, ошхонаю майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар масоҳати беш аз 5 гектар ҷой гирифтааст. Шумораи касбомӯзон дар литсейи мазкур 344 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз рӯйи 10 ихтисос дар ин омӯзишгоҳ таълим мегиранд.








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






