Дар моҳи январи соли 2021 дар Хатлон ба маблағи тақрибан 760 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Февраль 11, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи январи соли 2021 дар вилояти Хатлон ба маблағи тақрибан 760 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки 103%-и дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ин бора дирӯз зимни ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар моҳи январи соли 2021 ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-27 январ бармеоянд, гузориш дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар ҷаласаи корӣ, ки таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор шуд, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода зимни ироаи ҳисобот тазаккур дод, ки саноатчиёни вилоят ҷиҳати татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамоянд.

Таъкид шуд, ки дар моҳи январи имсол дар вилоят ба маблағи 759705 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки 103%-и дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар ин моҳ 89 намуди маҳсулоти саноатӣ, аз қабили намаки ошӣ, гӯшти мурғ, маҳсулоти ширӣ, хӯроки чорво, нӯшокиҳо, пахтаи кӯрпабоб, ранги сохтмонӣ, клинкер, семент, гаҷ, хишти бинокорӣ ва сементӣ, роҳрав, мебел бештар аз дурнамо истеҳсол шудааст.

Дар корхонаҳои саноатӣ  14 намуди маҳсулот (донаки офтобпараст, меваи хушк, чӯбчаҳои нафисӣ, қуттии картон, маҳсулоти беҳдоштӣ, ширеш, моеи зарфшӯӣ, ротбанд, плитаи оҳану бетонӣ, шифер, дучарха, конструксияҳои филизӣ), ки соли гузашта истеҳсол нашуда буд, истеҳсол гардид.

Маълумот дода шуд, ки моҳи январи соли 2021 дар ҳаҷми як миллиарду 431,9 миллион кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 367 миллиону 528,52 ҳазор сомонӣ истеҳсол шудааст.

Дар ҷаласаи корӣ оид ба ҳолати бақайдгирии иншооти ҷашнии ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёдгардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳисоботи оморӣ сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилоят Қ. Ҳакимзода гузориши муффасал дод.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласа оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бакорандозии корхонаҳои бозмонда ва суръатбахшии сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ аз масъулин пурсиш ва вобаста ба дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дастуру супоришҳо дод.

 

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Февраль 11, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид